Владимир Путин нияти ба таътил рафтан надорад

Сухангӯи кишвардори Федератсияи Русия Дмитрий Песков мегӯяд, Владимир Путин ҳанӯз таътилро ба нақша нагирифтааст ва корашро идома медиҳад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik. Президенти Русия Владимир Путин ҳанӯз нияти ба таътил рафтанро надорад ва ба кораш идома медиҳад.
Дар ин бора, котиби матбуотии кишвардор Дмитрий Песков рӯзи панҷшанбе дар суҳбат бо хабарнигорон гуфт.
"Президент ҳоло корашро идома медиҳад. Шумо медонед, ки ӯ чунин рухсатӣ надорад ва вакилон низ таътили махсус надоранд. Агар тавонистем, ки чанд рӯз истироҳат кунем, мо хабар медиҳем", - гуфт Дмитрий Песков.
Сухангӯи кишвардори Русия афзуд, ки "то ҳол чунин нақшаҳо вуҷуд надоранд".
Бо чунин суханон Песков ба ин суол, ки оё президент дар робита ба анҷоми иҷлосияи баҳорӣ дар Думаи давлатӣ ва Шӯрои федератсия танаффус мегирад ё не, посух дод.
Путин сиёсатмадори дӯстдоштаи яке аз кишварҳои аврупоӣ шуд
Пештар хабар дода шуд, ки президенти Русия ҳатто ҳафтаи истироҳатӣ дар остонаи Соли навро дар кор мегузаронад.
Ба гуфти Песков, чанд рӯзи аввали соли навро Путин мисли дигарон танҳо барои истироҳат истифода хоҳад кард.
Эътимоди мардуми Русия ба Владимир Путин афзудааст
Қаблан дар нишасти хабарӣ Путин гуфта буд, ки чӣ гуна вақтҳои холигии худро мегузаронад. Кишвардор иқрор шуд, ки муштоқи суҳбат бо аҳли хонавода ва дӯстон аст.