Коршинос: Русия формули ҳалли буҳрони ғизоӣ дар ҷаҳонро дорад

Коршиноси машҳури индонезӣ гуфтааст, ки Русия дар ҷаласаи G20 метавонад дидгоҳи худро барои ҳалли буҳрони ғизоӣ баён намояд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 7 июл – Sputnik. Теуку Ризасия, доктор, коршиноси маъруфи индонезӣ ва мушовири ҳукумати Индонезия дар умури равобити байналмилалӣ гуфтааст, ки дар нишасти вазирони хориҷаи кишварҳои G20 дар ҷазираи Балии Индонезия, Русия метавонад формули ҳалли буҳрони ғизоӣ дар ҷаҳонро пешниҳод кунад.
Мусоҳиба бо коршиносро ахиран хабаргузории миллии Индонезия АНТАРА нашр мекунад.
"Русия аллакай формули ҳалли мушкили ғизоиро дорад. Ҷаласаи вазирони хориҷаи G20 барои Русия фурсатест, ки ин формулро муаррифӣ кунад ва ба тамоми ҷаҳон нишон диҳад, ки Русия бахше аз мушкилот нест, балки як бахши ҳалли он аст", - гуфт коршинос.
Ба гуфтаи Теуку Разасия, G20 бояд ба Русия имкон диҳад, ки мавқеи худро дар масъалаи амнияти озуқаворӣ озодона баён кунад, на ин ки мисли гурӯҳи G7, таҳримҳову мамнӯъиятҳо алайҳи колоҳои Русия ҷорӣ кунад.
Даъвати муфтӣ аз намозгузорон барои дуо ба хотири пирӯзии артиши Русия дар Украина
"Умедворам, ки кишварҳои G20 монанди дигар нишастҳое, ки қаблан анҷом ёфтанд нашавад”, - гуфт коршинос.
Ба гуфтаи ӯ, Индонезия ба унвони раиси G20 дар соли 2022 бояд тамоми кори аз дасташ меомадаро анҷом диҳад, то Русия имкони озодона баён кардани мавқеъ ва пешниҳодҳои худро дар чаҳорчӯби G20 дошта бошад ва ҳамчунин ба ташкили равобити дуҷониба, байни хайати Русия ва хайатхои дигар кишварҳои иштироккунандаи G20, мусоидат кунад.
Индонезия дар соли 2022 раёсати даврии G20 дорад. Дар остонаи нишасти раҳбарони G20, ки қарор аст моҳи ноябр баргузор шавад, як қатор ҳукуматҳои ғарбӣ ба Индонезия фишор меоранд, то мақомоти ин кишвар Русияро ба ин нишаст даъват накунанд, аммо ҳукумати Индонезия ин иқдомро рад кард.