ВАО: Ҷонсон розӣ шуд, ки истеъфо диҳад

Расонаҳои бритонӣ хабар медиҳанд, ки сарвазири ин кишвар Ҷонсон пас аз суҳбат бо раиси кумитаи ҳизбии Бритониё розӣ шуд, ки истеъфо диҳад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 7 июл – Sputnik. Сарвазири Бритониёи Кабир Борис Ҷонсонро пас аз суҳбат бо раиси ҳизби консервативи кишвар розӣ шудааст, ки аз мақомаш истеъфо диҳад.
Дар ин бора РИА "Новости" бо такя ба расонаҳои бритонӣ хабар медиҳад.
Ин дар ҳолест, ки пештар, вазири молияи Бритониёи Кабир Надим Заҳавӣ аз сарвазир даъват кард, ки истеъфо диҳад.
Ӯ инчунин матни изҳоротро нашр кард, ки мегӯяд, Бритониё сазовори ҳукумате аст, ки софдилона амал мекунад.
Дар баробари ин сиёсатмадорони бритонӣ аз он изҳори норозигӣ карданд, ки Ҷонсон Пинчерро ба вазифаи ҷонишини координатори ҳизби консервативй таъин кардааст, гарчанде ки аз гузаштаи машҳури ӯ бохабар буд.
Талаби вазири молияи Бритониё аз Ҷонсон: Истеъфо диҳед!
Собиқ муовини вазири умури хориҷии Бритониё дар умури Аврупо ва Амрико Кристофер Пинчер бошад, қаблан дар як клуби Лондон дар ҳолати мастӣ занозанӣ карда буд.
Вазирони молия ва беҳдошт қаблан эълом карда буданд, ки ба далели эътимод надоштан ба нахуствазири Британия истеъфо медиҳанд06.07.2022
Ҷонсон узрхоҳӣ кард ва иқрор шуд, ки "кори нодуруст кардааст".
Истеъфои вазирони бритонӣ идома дорад: онҳо аз Борис Ҷонсон норизоянд
Бо вуҷуди ин, дар робита ба ҷанҷол, ба далели нобоварӣ ба нахуствазир як силсила истеъфоҳо ба вуқӯъ пайваст. Дар камтар аз ду рӯз ҳудуди 50 корманди давлатӣ, аз ҷумла раҳбарони бахшҳои калидӣ, аз қабили вазорати молия ва вазорати тандурустӣ, аз мақом рафтанд.
Аксари онҳо аз Ҷонсон талаб карданд, ки истеъфо диҳад, аммо ӯ рад мекард.