ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik. Ҳавопаймои ширкати "Уралские авиалинии", ки дар масири Маскав-Хуҷанд парвоз мекард, бо паранда бархӯрд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти ин ширкат.
Ҳавопаймо бо мусофирон дарҳол пас аз парвоз дар фурудгоҳи Жуковский бо парандае дар бархӯрд.
Халабонон тасмим гирифтанд, ки ҳавопайморо иҷборан ба замин фурӯд оранд.
"Бо мақсади таъмини амният фармондеҳи ҳавопаймо тасмим гирифт, ки ба фурудгоҳи алтернативии Домодедово равад", - гуфтанд дар ширкати ҳавопаймоӣ.
Ширкати ҳавопаймоӣ афзуд, ки фурӯдоӣ дар Домодедово бомуваффақият анҷом ёфт.
Ва ҳамаи мусофирон аллакай бо ҳавопаймоҳои эҳтиётӣ ба ҷои таъиншуда фиристода шудаанд.
Ёдовар мешавем, ки қаблан парвози ҳавопаймои ширкати миллии Тоҷикистон дар масири Екатеринбург - Душанбе дар фурудгоҳи Колтсово барои парвоз чанд соат ба таъхир афтод.
Ҳамин тавр, ин парвоз бештар аз ду соат ба таъхир афтод.