Дар Чин аз хатари ҷанги ҳастаӣ дар Аврупо бинобар вазъи Украина ҳушдор доданд

Коршиноси низомии чинӣ Ҷонгпинг бар ин назар аст, ки вазъият дар Украина метавонад ба ҷанги ҳастаӣ дар Иттиҳоди Аврупо оварда расонад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik. Сонг Чжунпинг, коршиноси низомии чинӣ ба Global Times гуфт, вазъият дар Украина метавонад боиси ҷанги ҳастаӣ дар Аврупо шавад.
Вай қайд кард, ки давлатҳои Аврупо бар хилофи хохиши худ метавонанд тарафҳои муноқиша гарданд.
"Агар буҳрони низомӣ идома ёбад ва шиддат гирад, Аврупо маҷбуран ба он ҷалб карда мешавад, ки кишварҳои минтақа инро намехоҳанд.<…> Агар муноқиша идома ёбад, ин боиси бархӯрди Русия ва НАТО мегардад. Дар ин сурат ин чунин маъно дорад, ки ҷанги ядроиро дар Аврупо истисно кардан мумкин нест", - гуфт Чжунпинг.
Коршинос қайд кард, ки кушиши ҳукмронии ИМА дар ин минтака боиси хашму ғазаби рузафзуни Аврупо шуда истодааст, ки он ба кушиши мухторияти стратегии ин минтақа шуруъ мекунад.
Макгрегор аз хатари нестшавии Украина дар харитаи ҷаҳонӣ гуфт
Ҳамзамон, Иттиҳодияи Аврупо дарк мекунад, ки давлатҳо аз вазъ дар Украина истифода мекунанд, то Аврупоро назорат кунанд ва Русияро нигоҳ доранд, бидуни он ки худашон барои расонидани кӯмаки ҷиддӣ ба Киев талош кунанд, менависад муаллиф.
Аз 24 феврал инҷониб Русия амалиёти вижа барои озод кардани Донбассро идома медиҳад. Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".