ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik. Надим Заҳавӣ, раиси нави хазинаи Бритониё аз сарвазир Борис Ҷонсон хостааст, ки истеъфо диҳад.
"Нахуствазир, ... барои шумо, барои ҳизби муҳофизакор ва муҳимтар аз ҳама, барои тамоми кишвар, вазъ бадтар мешавад. Шумо бояд кори дуруст кунед ва ҳамин ҳоло равед", - навиштааст Заҳавӣ дар саҳифааш дар Twitter.
Вай инчунин матни изҳоротро нашр кард, ки мегӯяд, Бритониё сазовори ҳукумате аст, ки софдилона амал мекунад, хабар медиҳад РИА "Новости".
Собиқ муовини вазири умури хориҷии Бритониё дар умури Аврупо ва Амрико Кристофер Пинчер қаблан дар як клуби Лондон дар ҳолати мастӣ занозанӣ карда буд.
Як қатор сиёсатмадорон даъво карданд, ки Ҷонсон Пинчерро ба вазифаи ҷонишини координатори ҳизби консервативй таъин кардааст, гарчанде ки аз гузаштаи машҳури ӯ бохабар буд.
Ҷонсон узрхоҳӣ кард ва иқрор шуд, ки "кори нодуруст кардааст".
Бо вуҷуди ин, дар робита ба ҷанҷол, ба далели нобоварӣ ба нахуствазир як силсила истеъфоҳо ба вуқӯъ пайваст. Дар камтар аз ду рӯз ҳудуди 50 корманди давлатӣ, аз ҷумла раҳбарони бахшҳои калидӣ, аз қабили вазорати молия ва вазорати тандурустӣ, аз мақом рафтанд.
Аксари онҳо аз Ҷонсон талаб карданд, ки истеъфо диҳад, аммо ӯ рад кард.
Моҳи май Ҷонсон аз овоздиҳии нобоварӣ ба ҳизби консервативӣ ба хубӣ гузашт. Ба ӯ муяссар шуд, ки бо пуштибонии 211 намояндаи ҳизб ва норозигии 148 вакил дар вазифаи худ бимонад. Овоздиҳии дуюм танҳо пас аз як сол баргузор мешавад.
Бо вуҷуди ин, ба гуфтаи Sky News, кумитаи ҳизби муҳофизакор рӯзи 11 июл барои раҳбарияти худ интихобот баргузор хоҳад кард, ки метавонад қоидаҳоро дар бораи вокуниши нобоварӣ ба раҳбари ҳизб тағйир диҳад.
Ин бори аввал нест, ки Ҷонсон мавриди интиқод қарор мегирад ва таҳдид мекунад, ки вазифаи худро аз даст медиҳад.
Қаблан ҷанҷол дар атрофи зиёфатҳо дар қароргоҳи ҳукумат дар Даунинг Стрит ҳангоми маҳдудиятҳои ковидӣ дар робита бо коронавирус сар зад.
Вазъият замоне бадтар шуд, ки ду зиёфати дигар 16 апрели соли 2021 - дар арафаи маросими дафни шоҳзода Филипп ва маҳдудиятҳо баргузор шуд. Баъдтар Ҷонсон бахшиш пурсид ва гуфт, ки ҷаримаи пулиси метрополитенро пардохт кардааст.