Борис Ҷонсон истеъфо дод

Сарвазири Британия билохира истеъфо дод. Ӯ борҳо дар маркази ҷанҷолҳо қарор дошт ва истеъфояшро вакилони ин кишвар дер боз интизор буданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik. Сарвазири Бритониё Борис Ҷонсон баъд аз зӯҳри 7 июл истеъфо дод.
Ба навиштаи расонаҳо, 7 июл сиёсатмадор мақоми раҳбари ҳизби муҳофизакорро тарк карда, танҳо дар тирамоҳ курсии сарвазириро тарк мекунад.
Дар давоми ду рузи охир зиёда аз 50 вазир истеъфо доданд, ки дар байни онҳо сардорони идораҳои асосӣ, ба монанди роҳбарони вазоратҳои молия ва тандурустӣ қарор доштанд.
Бисёре аз онҳо даъват карданд, ки Ҷонсон истеъфо диҳад, аммо ӯ рад кард.
ВАО: Ҷонсон розӣ шуд, ки истеъфо диҳад
Сарвазир гуфт, ки танҳо дар сурате мақомашро тарк мекунад, агар дарк кунад, ки ҳукумати кишвар аз ӯҳдаи кори худ баромада наметавонад. Яке аз сабабҳои рафтани ӯ шояд майл надоштани кобинаи вазирон барои "кумак ба мардуми Украина" бошад, гуфт ӯ.
Вай аз аъзоёни кабинет даъват кард, ки кори худро дар пасманзари бӯҳрон ва вазъияти душвор дар Британияи Кабир идома диҳанд. Ин бори аввал нест, ки Ҷонсон мавриди интиқод қарор мегирад ва таҳдид мекунад, ки вазифаи худро аз даст медиҳад.
Талаби вазири молияи Бритониё аз Ҷонсон: истеъфо диҳед
Нобоварӣ ба Ҷонсон пас аз рафтори номуносиби муовини собиқи вазири умури хориҷаи Аврупо ва ИМА Кристофер Пинчер афзуд. Ӯ дар ҳолати мастӣ дар яке аз клубҳои Лондон занозанӣ карда буд. Бо вуҷуди ин, сарвазир ӯро ба вазифаи ҳамоҳангсози фраксияи парламентии консервативӣ таъйин намуд, ки ғазаби ҳукуматдоронро даҳчанд кард.
Як моҳ пеш Ҷонсон аз раъйдиҳии нобоварӣ ба ҳизби муҳофизакор гузашт. Сипас ҷанҷол бо ҳизбҳо, ки дар қароргоҳи сарвазир дар солҳои 2020-2021, дар давраи маҳдудиятҳои шадиди коронавирус рух дод, сабаб шуд. Бо вуҷуди ин, Ҷонсон тавонист дар вазифаи худ бимонад. Аз ӯ 211 нафар ҷонибдорӣ намуда. 148 нафари дигар муқобилаш буданд.