ДУШАНБЕ, 6 июл — Sputnik. Дар Тоҷикистон бонкҳо нисбат ба як соли пеш камтар қарз додаанд, хабар медиҳад дафтари матбуоти Бонки миллии ҷумҳурӣ.
Гуфта мешавад, ки дар чаҳор моҳи соли ҷорӣ қарзи истеъмолӣ беш аз 4,4 миллиард сомониро ташкил додааст.
Ин рақам нисбат ба як соли қабл 0,3% камтар мебошад.
Ба иттилои БМТ, фоизи миёнаи қарзҳо бо сомонӣ 23,9 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 11,7 фоизро ташкил додааст.
Дар баробари ин бештари қарзҳои истеъмолӣ барои рушди бахши кишоварзӣ, саноат ва савдои хориҷӣ дода шудаанд.
"Барои рушди бахши кишоварзӣ 879,3 миллион сомонӣ ҷудо шудааст", - омадааст дар гузориш.
33,4% маблағи умумии қарзҳои ҷудошуда, ё худ зиёда аз 1,4 миллиард сомонӣ барои истеъмол (қарзҳои истеъмолӣ) дода шудааст.
Ҳамчунин зикр мегардад, ки қарзҳои аз ҳама камтар барои нақлиёт ҷудогардида ба ин соҳа 35,3 миллион сомонӣ ё 0,8% аз ҳаҷми умумии маблағҳои додашуда ворид шудааст.
Қобили зикр аст, ки "Амонатбонк" аз соли ҷорӣ барои рушди соҳаи кишоварзӣ, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, инчунин, саноат, сохтмон, савдо ва дигар соҳаҳо қарзҳои имтиёзнок ҷудо мекунад.
Қарзҳои имтиёзнок инчунин ба гирифтани манзил, сохтмон, васеъ кардани майдони истиқоматӣ дахл доранд.