ДУШАНБЕ, 6 июл — Sputnik. Раисиҷумҳури Амрико Ҷо Байден бояд барои сиёсати хатарнокаш нисбат ба Украина истеъфо диҳад. Дар ин бора Эдуард Лозанский, раиси Донишгоҳи Амрико дар Маскав, дар мақолае барои The Washington Times изҳор доштааст.
"Дар робита ба фишори бузург ба далели мушкилоти зиёди дохилӣ дар Иёлоти Муттаҳида ва ҳамчунин поин рафтани рейтинги ӯ, Байден кӯшиш мекунад, ки таваҷҷӯҳро ба дигар сӯ барад, аҳз ҷумла бӯҳрони Украинаро афзоиш дода, президенти Русия Владимир Путинро мавриди таҳқир қарор диҳад", - мугӯяд мусоҳиби рӯзнома.
Лозанский таъкид кард, ки дар пайи аҳдофи худаш Байден тавонист раҳбарони НАТО ва кишварҳои G7-ро мутақоид кунад, ки кумак ба Украинаро идома диҳанд ва онро бо силоҳи бештар таъмин кунанд.
Вай даъво мекунад, ки чунин тактикаи президенти Амрико ниҳоят хавфнок аст, "зеро он на танҳо муноқиша дар Украинаро тӯлонӣ мекунад, балки хатари сар задани Ҷанги сеюми ҷаҳониро афзоиш медиҳад".
Муаллиф аз Байденро даъват намудааст, ки пеш аз мӯҳлат истеъфо диҳад, чунон ки президенти дигари Амрико Ричард Никсон боре истеъфо дод, то Иёлоти Муттаҳида роҳи сиёсии худро ҳарчи зудтар тағйир диҳад.
Дар пасманзари амалиёти вижаи Русия, ки рӯзи 24 феврал оғоз шуд, Вашингтон ва муттаҳидони НАТО ба интиқоли силоҳ ба Украина идома медиҳанд. Маскав борҳо ҳушдор додааст, ки интиқоли силоҳи ғарбӣ танҳо муноқишаро тӯлонитар мекунад.