Онишенко: Ҳанӯз дар бораи поёни пандемия чизе гуфтан барвақт аст

Профессори рус бар ин назар аст, ки дар бораи поёни коронавирус ҳарф задан ғайриимкон аст. Ӯ гуфт, ин вирус ҳанӯз хотима наёфтааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 6 июл — Sputnik. Дар бораи анҷоми пандемияи коронавирус ҳарф задан, ҳанӯз барвақт аст, мегӯяд академик, профессор ва доктори илмҳои тиб Геннадий Онишенко .
"Аз поёни пандемия сухан гуфтан ҳанӯз хеле барвақт аст", - изҳор дошт ӯ дар нишасти хабарӣ дар Оҷонсии иттилоотии байналмилалии "Россия сегодня".
Вай қайд кард, ки тибқи омори ҷаҳонӣ, дар рӯзҳои охир шумори гирифторони коронавирус ба қайд гирифта шудааст.
Қаблан як қатор кишварҳо аз афзоиши гирифторӣ ба коронавирус хабар дода буданд, аз ҷумла Ҷопон, Италия ва Лаҳистон.
Чанде пеш, Вазири нави тандурустии Фаронса, Франсуа Брон низ дар бораи таҳкими мавҷи ҳафтуми коронавирус хабар дод.
Володин гуфт, дар пандемияи коронавирус кӣ даст дорад
Дар ҳамин ҳол, раиси Думаи давлатии Русия Вячеслав Володин дар сафҳаи худ дар Telegram -канал навишт, ки ин вирусро маҳз ҳукумати Амрико эҷод ва паҳн намуд ва ҳоло бояд ӯҳдадор шавад, то хисороти ҳамаи кишварҳое, ки аз пандемия зарар диданд, ҷуброн кунад.
"Ба ҳама давлатҳое, ки аз пандемия зарар дидаанд, Иёлоти Муттаҳида вазифадор аст, ки талафоти расонидашударо ҷуброн кунад", - навиштааст ӯ.
Дипломат ёдовар шуд, ки қаблан олими амрикоӣ Ҷеффри Сакс зикр намуда буд, ки вируси СOVID-19 дар озмоишгоҳҳои биотехнологии Амрико пас аз омӯзиши пуршиддати дусола эҷод шудааст.