ДУШАНБЕ, 6 июл — Sputnik. Нақшаи даромади буҷаи давлатии шаҳри Панҷакент барзиёд иҷро шуд. Дар ин бора зимни мулоқоти раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Панҷакент бо фаъолони шаҳр, гузориш дода шуд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуотии раиси вилояти Суғд, дар панҷ моҳи соли равон нақшаи буҷаи давлатӣ (бе назардошти андози иҷтимоӣ) 108,1 фоиз иҷро гардида, ба буҷа 270 миллиону 226,4 ҳазор сомонӣ ворид шудааст.
Иҷрои нақшаи даромади буҷаи маҳаллӣ 107,3 фоиз таъмин гардида, ба ҷои 80 миллиону 58,3 ҳазор сомонии нақша, 85 миллиону 870,9 ҳазор сомонӣ ворид гардид, ки ин нисбат ба нақша 5 миллиону 812,6 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Тибқи иттилои раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода дар панҷ моҳи соли равон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар шаҳри Панҷакент ба 2 миллиарду 181 миллион сомонӣ расонида шуд, ки 103,3 фоизро ташкил медиҳад.
Манбаъ афзуда, ки дар мулоқот ҳамчунин, вазъи иқтисодиву иҷтимоии шаҳр мавриди таҳлил қарор дода шуда, барои беҳтар намудани фаъолият ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум супоришҳо дода шудааст.
Дар баробар ин, раиси вилоят бо таҳлили вазъи соҳаҳо дар назди роҳбарияти шаҳр барои иҷрои саривақтии супоришҳои кишвардор иҷрои нақшаи андозҳо, фаъолсозии корхонаҳои бозистода, зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли либоси мактабӣ вазифагузорӣ кардааст.
Ҳамчунин Аҳмадзода барои иҷрои нақшаи кишти зироат, вусъати кишти такрорӣ, истифодаи самараноки замин, ҷамъоварии ҳосил, содироти маҳсулот, захираи кофии маводи хурока, омодагии ҳамаҷониба ба зимистонгузаронӣ, захираи маводи сӯзишворӣ дар иншооти соҳаҳои иҷтимоӣ ба масъулин дастурҳо додааст.