ДУШАНБЕ, 6 июл — Sputnik. Ҷопониҳо аз ҳушдори Дмитрий Медведев, муовини раиси Шӯрои амнияти Русия, дар бораи он ки Токио метавонад аз нафту гази Русия маҳрум шавад, ба ҳарос афтодааст.
Корбарони рӯзномаи машҳури ҷопонии "Yomiuri" аз ҳукумати ин кишвар хостаанд, ки аз Маскав “фавран узр пурсад” ва равобит бо Русияро барқарор шавад.
Яке аз корбарон таъкид кард, ки Ҷопон ба "коре, ки ба худаш тамоман дахл надорад, машғул аст". Ин кишвар на узви НАТО аст ва на иштирокчии даргириҳои Украина, аммо бо вуҷуди ин "Русияро муҷозот мекунад".
Ба гуфтаи ӯ, аз таҳримҳои Токио алайҳи Маскав ҳеҷ фоидае надорад.
"Мо бояд фавран аз Русия узр пурсем ва муносибатҳоро барқарор кунем. Мушкилот дар он аст, ки Ҷопон ба таври якҷониба таҳримот ҷорӣ мекунад, аммо ин набояд бошад", - навиштааст як хонандаи "Yomiuri".
Корбарон инчунин ба он розӣ шуданд, ки сарвазир Фумио Кишида ояндаи Ҷопонро ба зери хавфи калон гузошта, Маскавро хашмгин мекунад.
"Беқурбшавии юан, болоравии босуръати қимати нерӯи барқ ва маводи ғизоӣ. Дар ҳамаи ин маъмурияти Кишида гунаҳкор аст", - навиштааст як хонандаи ин нашрия.
Ёдовар мешавем, ки дар авохири ҳафтаи гузашта нахуствазири Ҷопон эълом карда буд, ки кишварҳои G7 тасмим доранд, ҳадди ниҳоии нархи нафти Русияро дар баробари нисфи арзиши феълии он муқаррар кунанд.