ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Дар 26-умин Олимпиадаи балтикии наврасон аз фанни математика "JBMO -2022" шаш нафар хонандагони тоҷик иштирок карданд, хабар медиҳад котиботи Вазорати маорифи кишвар.
Бар хабари манбаъ, ин озмун аз 28 то 3 июли соли равон дар шаҳри Сараевои Ҷумҳурии Босния ва Герсеговина баргузор шуд. Толибилмони тоҷик, ки дар ин озмун иштирок карданд, ҳамаашон хонандагони синфҳои 7-8 буданд.
Манбаъ меафзояд, риёзидонҳои навраси тоҷик, дониши худро бо ҳамсолони худ аз 20 кишвари дунё санҷиданд ва бартарӣ ҳам нишон доданд. Зеро ҳар шаш нафар намояндаи Тоҷикистон дар ин озмун ҷойҳои ифтихорӣ гирифтанд.
Вазорати маориф дақиқан нагуфт, ки хонандагони тоҷик кадом ҷойҳо гирифтанд, танҳо зикр намуд, ки "ҳамаи хонандагони тоҷик тавонистанд дар ин мусобиқаи илмии байналмилалӣ шарафи ҷумҳуриро баланд бардошта, сазовори 6 ҷойи ифтихорӣ гарданд".
Қаблан ин ниҳод хабар дод, ки дар як озмуни дигари байналмилалӣ, ки ҳамасола донишгоҳи Қазоқистон ташкил мекунад, хонандаи синфи 11 аз шаҳри Хуҷанд ҷойи якум гирифт ва имкон пайдо намуд, ки дар дилхоҳ риштаи ин донишгоҳ бидуни пардохти маблағ дохил шавад ва таҳсил кунад.
Фирдавс Маҳмадов дар олимпиада холҳои бештар гирифт ва соҳиби шоҳҷоиза - гранти омӯзишӣ ба маблағи беш аз 16 ҳазор доллар гардид.