ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Аз аврупоиҳо даъват шуд, ки аз асбобҳои куҳнаи рӯзгор даст кашанд. Дар ин бора Bloomberg менависад.
Хабарнигори агентӣ Ҳавер Блас гуфт, яхдонҳои кӯҳна "дӯстони президенти Русия Владимир Путин" ҳастанд, ки бояд фавран партофта шаванд.
Рӯзноманигор изҳороти ғайриоддии худро дар робитаи байни барқу газ шарҳ дод.
Ҳамин тариқ, бештари нерӯи барқ дар минтақа аз ҳисоби сӯзондани сӯзишвории кабуд ба даст оварда мешавад, ки бо он вазъи муташанниҷ ба вуҷуд омадааст.
Газ дар зимистон барои гармидиҳӣ муфид аст, аз ин рӯ онро сарфа кардан лозим аст, мегӯяд хабарнигори Bloomberg.
Ба гуфтаи ӯ, ҳоло бозорҳои нерӯи барқи аврупоӣ алакай дар остонаи рахнашавӣ қарор доранд ва хатарро нишон медиҳанд, ки мардуми бисёре аз кишварҳоро дар фасли сармо интизор аст.
"Тадбирҳои вокуниш ба талабот ба монанди нархҳои манфӣ ва ҳавасмандгардонӣ барои коҳиш додани истеъмоли тиҷорат метавонанд дар айни замон кумак кунанд", - гуфт Блас.
Таҷҳизоти куҳнаи рӯзгор миқдори зиёди энергияро талаб мекунад. Агар истеъмоли онро кам кунед, пас газро сарфа кардан мумкин аст ва ба ин васила касрро бартараф кардан имкон мешавад, қайд мекунад муаллифи мақола.
Иваз кардани таҷҳизот бо нав ва аз ҷиҳати экологӣ тоза низ истеҳсолкунандагонро дастгирӣ карда, ба заводҳо имконияти фарох медиҳад.
Кумаки давлат барои аз ҷониби шаҳрвандон ба даст овардани чунин дастгоҳҳо нисбат ба субсидияҳои истеъмолӣ мушкилотро хеле арзонтар ва самараноктар ҳал мекунад.
Илова бар ин, Аврупо вобастагии худро аз Маскав коҳиш медиҳад, хулоса кард Блас.