ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Сухангӯи Кремл Дмитрий Песков хабарҳо дар бораи сарпечӣ кардани раисиҷумҳури Чин Си Ҷинпин аз даъвати сафар ба Русияро рад кард, хабар медиҳад РИА "Новости".
"Ҳақиқат ин аст, ки маҳдудиятҳои муайяни ковидӣ дар Чин идома доранд ва ин комилан муқаррарӣ аст, ба ин бояд бо фаҳмиши дарк муносибат кард. Ҳам Путин ва ҳам Ҷинпин барои боздид аз кишварҳои якдигар даъватнома доранд. Бо мурури сабук кардани маҳдудиятҳо, албатта, ҳама боздидҳо анҷом дода мешаванд”, - шарҳ дод котиби матбуотии президент.
Ҳамин тавр, вай дар бораи хабарҳо дар баъзе нашрияҳо шарҳ дод, ки гӯё раҳбари Чин даъвати Путинро барои омадан ба Русия напазируфтааст ва инро бо пандемияи COVID-19 рабт додааст.
Сарони ду кишвар пайваста дар шаклҳои гуногун мулоқот мекунанд.
Ҳамин тавр, дар моҳи июн онҳо гуфтугӯҳои телефонӣ анҷом доданд ва инчунин дар нишасти БРИКС тавассути пайванди видеоӣ ширкат карданд.
Моҳи феврал раисиҷумҳури Русия дар ифтитоҳи Бозиҳои олимпӣ дар Пекин ширкат дошт.
Тавре сафири Русия Андрей Денисов хабар дод, дар соли 2021 Путин ва Си Ҷинпин, сарфи назар аз пандемия, мунтазам муошират мекарданд, онҳо се занги видеоӣ ва гуфтугӯи телефонӣ ва мубодилаи паёмҳо доштанд.