ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Имрон Хон, нахуствазири собиқи Покистон ва раиси Ҳизби таҳрики инсоф бо имтиноъ аз маҳкум кардани амалиёти низомии Русия дар Украина хотирнишон кард, ки ояндаи Покистон аз назари воридоти газу нафт ва гандум ба Маскав гиреҳ хурдааст, иттилоъ додааст хабаргузории Sputnik Афғонистон дар истинод ба “Тасним”.
Вай дар посух ба суоле, ки чаро аз маҳкум кардани ҷанг дар Украин худдорӣ мекунад, гуфт агар чӣ иттихози мавзеи ахлоқӣ дар саҳнаи байналмилалӣ хуб аст, аммо ин мавзӯъ набояд ба қимати ранҷу азоб мардум бошад.
Имрон Хон дар гуфтугӯ бо “Deutsche Welle” баён дошт: замоне, ки садраъзам набуд метавонист назари худро дар мавриди масоили монанди ҷанги Ироқу Афғонистон эълом кард ва онро маҳкум кунад, аммо замоне, ки ба самти садраъзами расид масъулияти аслии ӯ муроқибат аз мардум буд.
Вай бо таъкид бар инки буҳрони Украина марбут ба аврупоеҳост гуфт, чун ин масаълаи шумост, иҷоза диҳед бе тараф бимонем ва аз мардуми худ муроқибат кунем.
Ёдрас мешавем, ки парлумони Покистон дар моҳи апрел ба нахуствазир Имрон Хон изҳори нобоварӣ кард. Ба тарафдории ин қарор 174 вакил овоз доданд, ки барои ин кор 172 райъ лозим буд. Имрон Хон дертар аз оғози муборизаи озодихоҳӣ ба муқобили фитнагариҳои хориҷӣ хабар дод.
Худи ҳамин мо палатаи поёнии порлумони Покистон Шеҳбоз Шариф, раиси ҳизби мухолифи лигаи мусалмонони Покистонро нахуствазири нави ин кишвар интихоб кард.