Парвозҳои миёни Русия ва Тоҷикистон: хабарҳои охирин

"Nordwind Airlines" вақту замони парвоз аз Перм ба Душанберо дақиқ кард

Қаблан ширкати мазкур аз барномаи парвоз аз Перм ба Душанбе хабар дода буд, вале замон ва вақти парвоз дар ин масир дақиқ набуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Ширкаҳи ҳавонавардии Русия - "Nordwind Airlines" парвозҳои мустақим самти Перм-Душанберо оғоз мекунад.Тибқи ҷадвали фурудгоҳи Перм аввалин парвоз бояд рӯзи 9 июл сурат гирад.
Гуфта мешавад, парвозҳо тавассути ҳавопаймои Airbus A310 ҳафтае як маротиба рӯзҳои шанбе анҷом мегирад. Вақти парвоз соати 8:50 дақиқа муайян шудааст.
Зикр гардид, ки сафар аз Перм ба Душанбе 3 соату 30 дақиқаро ташкил медиҳад.
Ҳамчунин, дар вебсайти фурудгоҳи Перм омадааст, ки нархи билет бештар аз ҳашт ҳазор рубл муқаррар шудааст.
Ду ширкати ҳавопаймоӣ иҷозаи парвоз аз Перм ба Тоҷикистонро дархост кардаанд
Ин ширкат қаблан дар бораи барномаи парвоз аз Перм ба Душанбе хабар дод, вале дар вебсайти фурудгоҳи Перм ҷадвали дақиқи парвоз маълум набуд. Ҳамакнун он дақиқ шуд ва хоҳишмандони сафар ба Тоҷикистон метавонанд рӯзҳои шанбе аз хизматрасонии ширкати "Nordwind Airlines" истифода баранд.
Ҳоло барномаи парвоз аз Перм ба Душанбе то 29 октябри соли равон пешбинӣ шудааст.
Nordwind Airlines ҳамасола аз рӯи шумораи мусофирон ба даҳ ширкати бузургтарини ҳавопаймоии Русия дохил мешавад. Ин ширкат сар аз 7 марти соли ҷорӣ ҳамаи парвозҳои байналмилалиро боздошт.
Ёдовар мешавем, ки ҳавопаймоҳои ширкати "Уралские авиалинии" аллакай аз Перм мустақиман ба шаҳри Кӯлоби Тоҷикистон парвоз мекунанд.