ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Дар олимпиадаи байналмилалии ISPT - Қазоқистон 2022, аз миёни толибилмони 30 давлати дунё хонандаи тоҷик мақоми аввал гирифт.
Ин хонанда Фирдавс Маҳмадҷонов буда, дар литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд таҳсил мекунад.
Дар олимпиада ӯ холҳои бештар гирифт ва соҳиби шоҳҷоиза - гранти омӯзишӣ ба маблағи беш аз 16 ҳазор доллар гардид. Фирдавс акнун имкон пайдо намуд, ки ба таври ройгон дар дилхоҳ риштаи донишгоҳи Қазоқистон ба номи Сулаймон Демирел таҳсил кунад.
Бояд гуфт, ҳамасола донишгоҳи мазкур ба хотири дарёфти хонандагони болаёқат байни 30 кишвари олам олимпиадаи байналмилалӣ баргузор намуда, ба 12 нафар хонандагон аз тамоми олам шоҳҷоиза: бурсияи таҳсили ройгон дар донишгоҳро медиҳад.
Имсол дар олимпиадаи ин Донишгоҳ 90 нафар хонандагони синфи 11 аз Тоҷикистон иштирок намуда, вале танҳо Фирдавс тавонист соҳиби шоҳҷоиза гардад.
Манбаъ меафзояд, донишгоҳи Сулаймон Демирели Қазоқистон бо 21 донишгоҳои бонуфузтарин давлатҳои ҷаҳон аз ҷумла: Амрико, Англия, Кореяи Ҷанубӣ, Фаронса, Австралия ҳамкорӣ дошта, донишҷӯён имкон доранд ба ин давлатҳо ба муҳлати аз шаш моҳ то як сол сафар намуда, таҷрибаомӯзӣ намоянд.
Донишгоҳи мазкур ба гурӯҳи донишгоҳҳои бонуфузи қораи Осиё шомил буда, 4 соли омӯзиш дар ин донишгоҳ наздик ба 16 ҳазор доллари амрикоӣ мебошад.