Бозори гӯшту моҳӣ дар Тоҷикистон фаровон шуд

Нисбат ба соли гузашта беш аз ҳама дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ афзоиш ёфтааст, дар ҷойи дуюм гӯшти мурғ ва сеюм гӯшти чорвои калону хурд қарор дорад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 5 июл — Sputnik. Дар Тоҷикистон дар панҷ моҳи соли ҷорӣ тавлиди гӯшт аз чорвои калону хурд, мурғ ва моҳӣ афзоиш ёфт, гузориш медиҳад хабаргузории "Авесто".
Чунончи, истеҳсоли гӯшти чорвои калону майда дар давраи муайян назар ба нишондодҳои соли гузашта 2,9 фоиз афзуд.
Аз моҳи январ то май дар ҷумҳурӣ беш аз 58,3 ҳазор тонна гӯшт истеҳсол карда шуд.
Мувофиқи маълумоти идораҳои дахлдори иқтисодии кишвар, тамоюли пай дар пай зиёд кардани истеҳсоли гӯшти парранда, асосан гӯшти мурғ мушоҳида карда мешавад.
Вазорати кишоварзии Тоҷикистон гуфт, ки аз аввали сол беш аз 17,6 ҳазор тонна гӯшти парранда истеҳсол шудааст, ки нисбат ба моҳҳои январ-майи соли 2021 - 23,3% зиёд аст.
Истеҳсоли мурғ ва тухм дар Тоҷикистон ба сатҳи рекордӣ расид
Дар мавриди афзоиши сайди моҳӣ бошад, дар Тоҷикистон афзоиш нисбат ба ҳамин давра 33,1 фоизро ташкил дод. Ин зиёда аз 1,4 ҳазор тоннаро ташкил медихад.
Инчунин пештар маълум шуд, ки аз аввали соли ҷорӣ дар Тоҷикистон истеҳсоли тухм афзуд.
Дастури Эмомалӣ Раҳмон барои боло набурдани нархҳо дар бозор
Дар ин давра дар Тоҷикистон беш аз 487,5 миллион дона тухм истеҳсол шуд, ки ин назар ба нишондоди соли гузашта 27,1 фоиз зиёд аст.