Тошканду толибҳо тавсеаи тиҷоратро баррасӣ карданд

Ҳайати толибҳо таҳти роҳбарии иҷрокунандаи вазифаи вазири савдо дар ҳукумати нави Афғонистон бо мақомдорони ӯзбек масоили таҳкими ҳамкориро ба миён гузоштанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 4 июл — Sputnik. Таҳкими равобити тиҷорӣ, ҷалби сармоягузорӣ ва осонсозии ҳамлу нақли бор аз мавзуъҳои меҳварии музокироти толибҳо бо мақомдорони ӯзбек дар Тошканд арзёбӣ шуданд.
Дар доираи ин сафар, роҳбари ҳайат иҷрокунандаи вазифаи вазири савдои ҳукумати толибҳо, Нуриддин Азизӣ, бо тоҷирони афғонистонии муқими Ӯзбекистон низ мулоқот карда, арзу пешниҳодҳояшонро шунид.
Вай ваъда додааст, ки барои расидагӣ ба мушкилот ва пайдо намудани роҳҳои тавсеаи равобит чораандешӣ сурат хоҳад гирифт.
Ин дар ҳолест, ки ахиран Ҳибатуллоҳ Охунд, роҳбари толибҳо аз зарари кумакҳои хориҷӣ, ки ба гуфтаи ӯ кишварро осебпазиру вобаста мекунанд, ҳушдор дода, даъват намуд, ки сармоягузорӣ ба кишвар ҷалб шавад.
Роҳбари толибҳо: Кумаки байналмилалӣ моро заифтар мекунад
Сафари ҳайати толибҳо ба Тошканд дар ҳолест, ки қаблан ҳайати ӯзбекистонӣ, таҳти роҳбарии Абдулазиз Комилов, ноиби дабири Шӯрои амнияти ҶУ ва фиристодаи вижаи ин кишвар Исматулло Иргашев ба Афғонистон сафар доштанд.
Онҳо дар мулоқот бо Сироҷиддин Ҳаққонӣ, вазири умури дохилии ҳукумати толибҳо таъмини амнияти тарҳҳои муштарак, аз ҷумла лоиҳаи роҳи оҳани Тирмиз - Пешовар ба миён гузоштанд.
Ҷониби толибҳо ба мақомдорони ӯзбек итминон додааст, ки амнияти тамоми тарҳҳо ва махсусан лоиҳаҳо бо иштироки Ӯзбекистон таҳти назорати вижа қарор доранд.
Дар зимн Абдулғанӣ Бародар, ноиби сарвазири ҳукумати толибҳо хабар додаст, ки ҷониби Ӯзбекистон хостори оғози амалии тарҳҳо, аз ҷумла дар бахши роҳи оҳану таъминоти нерӯ гардиданд.