ДУШАНБЕ, 4 июл — Sputnik. Парлумони Ӯзбекистон тасмим гирифт, ки мақоми соҳибихтиёрии Қорақалпоғистон дар тарҳи ислоҳот ба Қонуни асосии ин кишвар ҳифз шавад.
Палатаи поёнии порлумони ин кишвар рӯзи душанбеи 4 июл дар ҷаласаи худ барои тамдиди муҳлати баррасии умумимиллии ин тарҳ раъй дод.
Илова бар ин, тасмим гирифта шуд, ки муҳокимаи умумӣ барои ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Сарқонуни кишвар барои 10 рӯз, то 15 июли соли 2022 тамдид карда шавад.
"Фаъолияти шаҳрвандон дар баёни андешаҳо дар бораи лоиҳаи Қонуни асосӣ, зиёд шудани пешниҳодҳои воридотӣ тақозо мекунад, ки мӯҳлати баррасии умумихалқӣ тамдид карда шавад", — омадааст дар хабари Telegram-канли палатаи поёнии парлумон.
Ёдовар мешавем, ки раисиҷумҳури Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар охири моҳи июн пешниҳод карда буд, ки раъйпурсӣ барои ворид кардани тағйирот ба Қонуни асосӣ баргузор шавад.
Қаблан порлумони кишвар барои таҳияи тағйирот комиссияи конститутсионӣ таъсис дода, баъдан тарҳи қонуни нав дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо барои баррасӣ ба палатаи қонунгузорӣ пешниҳод карда шуд.
Ин санад барои баррасии омавӣ то санаи 4 июл пешниҳод шуда буд.
Пас аз он мебоист лоиҳаи 200 тағйирот ба 64 моддаи конститутсия ба раъйпурсӣ пешниҳод карда мешуд. Маҳз эҳтимоли маҳрум шудан аз мухторияти Қароқалпоқистон бар асоси ислоҳоти нав боиси эътирозҳои оммавӣ шуд, ки чанд рӯз пеш дар Нукус сурат гирифт.
Ҳамин тариқ, дар пойтахти Ҷумҳурии худмухтори Қароқалпоқистон рӯзи 1 июл гирдиҳамоӣ ба амал омад. Ошӯбгарон баъд аз кӯшиши ба тасарруфи биноҳои мақомот дар минтақа боздошт шуданд.
Баъдтар тартиботи ҷамъиятӣ барқарор шуд ва Мирзиёев ба Нукус омаду дар бораи вазъи минтақа изҳорот дод. Ӯ гуфт, ки дар пайи ошӯбҳо ҳам дар миёни ғайринизомиён ва ҳам кормандони интизомӣ талафот ҳаст, аммо теъдоди дақиқи он гуфта нашудааст.
Аз 3 июл то 2 август дар ин минтақа ҳолати фавқулода эълон шуд.