Парвозҳои миёни Русия ва Тоҷикистон: хабарҳои охирин

Парвоз аз Екатеринбург самти Душанбе ба таъхир афтод

Парвози ҳавопаймоии ширкати миллии Тоҷикистон дар масири Екатеринбург - Душанбе дар фурудгоҳи Колтсова барои чанд соат ба таъхир афтод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 4 июл — Sputnik. Парвози ширкати ҳавопаймоии "Сомон эйр" аз Русия ба Тоҷикистон дар фурудгоҳи Колтсовои Екатеринбург ба таъхир афтод.
Тибқи таблои онлайнӣ, ҳавопаймо бояд мувофиқи ҷадвали муқаррарӣ соати 14:00 ба вақти маҳаллӣ парвоз мекард. Аммо ҳоло парвози SZ 210 дар масири Екатеринбург - Душанбе расо ду соат ба таъхир афтодааст.
Ҳоло эҳтимол ҳавопаймо аз Екатеринбург самти Душанбе соати 16:45 дақиқа парвоз кунад.
Ду парвоз аз Санкт-Петербург ба Тоҷикистон якбора лағв шуд
Дар бораи сабабҳои тағйири ҷадвали фурудгоҳи Екатеринбург чизе гуфта нашудааст. Бояд гуфт, парвозҳои дигар аз ин фурудгоҳ ба шаҳрҳои гуногуни Русия ва ҳамчунин ба дигар давлатҳо бидуни тағйир идома доранд.
Дар ҳамин ҳол, чанд соат қабл маълум шуд, ки дастикам се ҳавопаймо аз Хабаровск, Новосибирск ва Душанбе барои фуруд омадан дар фурудгоҳи Колтсова муддати тӯлонӣ дар ҳаво давр зада буданд.
Ёдовар мешавем, ки қаблан дар фурудгоҳи Пулковои Санкт-Петербург ҳавопаймои Душанбе якбора чанд соат ба таъхир афтода, ба Хуҷанд бидуни мушаххас кардани вақти нави парвоз комилан лағв шуда буд.