Эълони санаи дақиқи Иди Қурбон дар Тоҷикистон

Санаи дақиқи таҷлили Иди Қурбон дар кишвар эълон шуд, ки тибқи тақвими мусалмонӣ, дар саросари ҷаҳон дар 10-уми моҳи Зулҳиҷҷа ҷашн гирифта мешавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 4 июл — Sputnik. Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон таърихи дақиқи баргузории Иди Қурбон дар кишварро эълон кард.
Иди Қурбон соли 2022 ба 9 июл рост меояд. Ин тасмим бар асоси хулосаи Пажӯҳишгоҳи астрофизикаи Фарҳангистони миллии улуми Тоҷикистон гирифта шудааст.
Дар ин бора ба Sputnik Тоҷикистон аз ин ниҳод гуфтанд, ки қарори мазкур зимни баргузории ҷаласа гирифта шуд.

"Вақти баргузории намози Иди қурбон дар кулли масоҷиди кишвар соати 06:00 дақиқа доир мешавад",- гуфтанд аз ин ниҳод.

Ҳамзамон Раиси Шӯрои уламо аз аъзои ин ниҳод ва имомхатибон талаб кардааст, ки дар мавъизаҳояшон роҷеъ ба сулҳу оромӣ суханронӣ намуда, дар дастгирии ятимону пиронсолон ва табақаи ниёзманди ҷомеа ва ободии Ватан саҳм бигиранд.
Маврид ба зирк аст, ки Иди Қурбон имсол ба рӯзи истироҳат рост омад, тибқи қонун "Дар бораи рӯзҳои ид" рӯзҳои 9, 10 ва 11 июл дар кишвар рӯзҳои ғайрикорӣ ҳисобида мешаванд.
Тақвими мусалмонӣ барои соли 2022
Маъмулан Иди Қурбон пас аз 70 рӯзи иди Рамазон ҷашн гирифта мешавад.
Ҷашни идҳои мазҳабии мусалмонон ҳамасола дар рӯзҳои гуногун аз моҳи июн то сентябр ҷашн гирифта мешавад.
Чунин тафовути калони ҷашнгириро бо он шарҳ медиҳанд, ки тақвими мусалмонӣ тақрибан 354 рӯзро ташкил медиҳад, ки аз соли офтобӣ 10 ё 11 рӯз камтар аст. Маҳз ҳамин номутобиқӣ боис мешавад, ки таҷлили ин идҳо ба вақтҳои гуногун рост меояд.