ДУШАНБЕ, 4 июл — Sputnik. Мақомоти Бритониё масълаи мусодираи дороиҳои мунҷамидшудаи Русияро барои дар ихтиёри Украина гузоштан баррасӣ дорад, дар и бора навиштааст нашрияи “The Guardian” дар истинод ба суханронии вазири умури хориҷии Бритони хоннум Лиз Трасс дар конфронси Швейтсария.
"Ман ин консепсияро дастгирӣ мекунам. Мо онро хеле бодиққат барасӣ дорем. Канада ҳамин ҳоло дар ин бора қонун қабул кард. Ин масъалаест, ки мо бо Вазорати корҳои дохилӣ ва Хазинадорӣ кор дорем, аммо ман албатта бо консепсия розӣ ҳастам. Мо бояд ба нозукиҳои он аҳамият диҳем” , — гуфтааст вазир.
Ба гуфтаи Трасс, барои қабули чунин тасмим "эҳтимол дорад" дар қонунгузорӣ тағийрот дароварда шавад.
Кишварҳои ғарбӣ пас аз оғози амалиёти низомии Русия дар Украина барои нозизудоӣ ва ғайринизомисозии Украина фишори таҳримӣ алайҳи Маскавро афзоиш доданд. Тадбирҳои маҳдудкунанда ба бахши бонкӣ ва маҳсулоти баландтехнологӣ таъсир расониданд. Баъзе кишварҳо дороиҳои Русияро мунҷамид кардаанд. Бисёре аз ширкатҳо дар бораи қатъи фаъолият дар кишвар эълон карданд.
Дар бораи маблағҳои мусодирашуда то ҳол рақами дақиқ вуҷуд надорад. Ба гуфтаи Антон Силуанов, вазири молия, тақрибан нисфи (ҳудуди 300 миллиард доллар) захоири тило ва асъори кишвар аз тарафи кишварҳои ғарбӣ мунҷамид шудааст.
Владимир Путин гуфт, сиёсати боздоштан ва заъиф кардани Русия стратегияи дарозмуддати Ғарб аст ва таҳримҳо ба тамоми иқтисоди ҷаҳонӣ зарбаи ҷиддӣ хоҳанд зад.