ВАО: Вазъ дар Украина НАТО-ро ба се лагер тақсим кард

Нашрияи "The Sunday Times" навиштааст, ки вазъият дар Украина НАТО-ро ба "шоҳин", "кабӯтар" ва "шутурмурғ"-ҳо тақсим кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 3 июл — Sputnik. Ба навиштаи рӯзномаи бритониёии Sunday Times, низоъ дар Украина на танҳо боиси ихтилофоти кишварҳои НАТО шуд, балки аъзои ин паймонро ба се лагер тақсим кард.
Нашрия се лагери дохили НАТО-ро "шоҳин", "кабӯтар" ва "шутурмурғ" меномад.
Ба кишварҳо аъзои ин паймон, ки ба лагери "шоҳинҳо" шомиланд, муътақиданд, на танҳо ба баргардонидани назорати Украина бар қаламравҳои Донбасс ва Қрим, балки "ба Русия чунон зарбаи сахт задан лозим аст, ки дар оянда натавонад ба ҳеҷ як ҳамсояаш мояи таҳдид бошад"
Рӯзнома кишварҳоеро, ки ба гурӯҳи "шоҳинҳо" дохил мекунад, номбар намекунад, аммо дар паймон дар бораи ин гуна кишварҳо иқтибос аз як таҳлилгари наздик ба ҳукумати Лаҳистон, ки номаш номаълум аст, овардааст.
Мамлакатҳои гуруҳи "кабутар", қайд мекунад газета, азму иродаи қавӣ доранд, ки дар байни Россия ва Украина ба ҳалли осоишта ноил шаванд. Инҳо кишварҳое ҳастанд, ки ба хуруҷи нерӯҳои Русия ба мавқеъҳои худ то 24 феврал розӣ шуда, аз мақоми Қрим, КХДР ва ЛПР розӣ шудаанд.
Дар ин замина ба нақл аз як мақоми расмии яке аз кишварҳои Скандинавия бидуни зикри номаш гуфтааст, ки "чунин созиш одилона нахоҳад буд, аммо амалишаванда аст."
Стратегияи НАТО барои боздорандагии Русия ва Чин
The Sunday Times ба кишварҳои гуруҳи "шутурмурғ" аъзои паймонро, ки бештар ба мушкилоти дохилӣ таваҷҷӯҳ доранд, дохил мекунад. Ин кишварҳо аз иттифоқ ҷонибдорӣ мекунанд, вале то андозае “роҳи муқовимати камтаринро меҷӯянд”.
Нашрияи давлатҳои ҷануби Аврупоро ба гуруҳи мамлакатҳои "шутурмурғ" дохил кардааст.
Рӯзнома хулоса мекунад, ки аз бисёр ҷиҳат набуди созиш дар дохили кишварҳои НАТО сабаби барбод рафтани чунин идеяе, монанди дар шаҳрҳои ғарбии Украина - дуртар аз хатти ҷабҳа барои ҷилавгирӣ аз зарбаҳои мушакӣ ҷойгир кардани контингентҳои хурди нерӯҳои НАТО буд.
Русия рӯзи 24 феврал амалиёти вижаи низомиро дар Украина оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд."
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина", ба ҷавобгарӣ кашидани тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс сурат бигирад.