Бобозода иқтидори саноатии Тоҷикистонро дар Русия муаррифӣ мекунад

Раиси Агентии содиротии Тоҷикистон ҳайати кишварро дар намоишгоҳи бузурги Русия "Иннопром" дар Екатеринбург раҳбарӣ мекунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 3 июл — Sputnik. Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалии "Иннопром", ки дар Екатеринбург баргузор мешавад, ширкат хоҳад кард. Ҳайати Тоҷикистонро директори Оҷонси содиротии ҷумҳурӣ Шавкат Бобозода раҳбарӣ мекунад, хабар медиҳад ТАСС бо истинод ба вазорати корҳои хориҷаи кишвар.
Чорабинии мазкур рӯзи 4 июл дар вилояти Свердловск кушода мешавад. Мавзӯи асосии намоишгоҳи "Иннопром" дар соли 2022 "Гузариши саноатӣ: аз мушкилот ба имкониятҳои нав" мебошад.
Ба иттилои манбаъ, дар ҳайати Тоҷикистон ҳамчунин намояндагони ҳукумати вилояти Хатлон ва соҳибкорони ватанӣ аз бахшҳои мухталифи шомиланд.
Дар Палатаи савдо ва саноати кишвар низ тавзеҳ доданд, ки дар намоишгоҳи Русия раҳбари раёсати ин ниҳод дар вилояти Хатлон Фарҳод Расулзода ширкат хоҳад кард.
Баргузории форуми сармоягузории Русияву Тоҷикистон дар Душанбе
Маҳз дар ҳамин минтақаи кишвар калонтарин пойгоҳҳои барқии обии ҷумҳурӣ воқеъ аст. Ҳамзамон минтақа дорои бузургтарин минтақаи озоди иқтисодӣ аст, ки дар он саноати сабук, хурокворӣ, химия, электротехника ва металургӣ сохта шудааст.
Илова бар ин, дар вилояти Хатлон газ, нафт ва намаки сангӣ истеҳсол мешавад.
Қобили зикр аст, ки намоишгоҳи байналмилалии саноатии "Иннопром" аз 4 то 7 июл дар Русия баргузор мешавад. Екатеринбург ба калонтарин платформа табдил меёбад, ки истеҳсолкунандагони саноатиро муттаҳид мекунад.
Ин чорабинӣ аз соли 2010 ҳамасола баргузор мешавад. Дар он ҳазорон нафар мутахассисони соҳаи саноат ва технология, инчунин намояндагони доираҳои коршиносии даҳҳо мамлакати ҷаҳон гирд меоянд.