СҶБ аз хавфи баланди роҳ ёфтани обилаи маймун ба Русия ҳушдор дод

Намояндаи Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт мегӯяд, хатари роҳ ёфтани обилаи ҳамдуна ба Федератсияи Русия хеле зиёд аст. Ин беморӣ аллакай ба 51 кишвари дунё доман зада
Sputnik
ДУШАНБЕ, 2 июл — Sputnik. Хатари роҳ ёфтани бемории сурхакони маймун ё обилаи ҳамдуна ба минтақаи Аврупо ба далели хуруҷи ин маризӣ дар чанд кишвари нав хеле баланд аст.
Дар ин бора намояндаи СҶБ дар Русия Мелита Вуйнович ба РИА Новости хабар додааст.
"Дар сатҳи минтақавӣ хатари роҳ ёфтани ин беморӣ ба Русия ҷой дорад", - мегӯяд намояндаи ин созмон.
Вуйнович қайд кард, ки созмон ба ҳама кишварҳо тавсия медиҳад, ки тамоми кӯшишҳоро барои муайян кардани ҳолатҳои нави ин беморӣ харҷ кунанд. Ҳамчунин бояд нафароне, ки бо бемор дар тамос мешаванд, ҳарчӣ зудтар ошкор шаванд, то аз роҳи бештар доман задани ин маризӣ пешгирӣ шавад.
Маврид ба зикр аст, ки вақтҳои охир дар 51 кишвари ҷаҳон беш аз 5,1 ҳазор ҳолати сироятёбӣ ошкор шудааст, дар ҳоле ки роҳҳои паҳншавии маризӣ комилан рӯшан нест.
Кумитаи ҳолатҳои изтирории Созмони ҷаҳонии беҳдошт "вазъияти фавқулода"-и вазъи кунуниро эътироф кард.
СҶБ: Обилаи ҳамдуна ба 50 кишвар роҳ ёфт
Наталя Пшеничная, муовини директор оид ба корҳои клиникӣ ва таҳлилии Пажӯҳишгоҳи марказии эпидемиологияи Роспотребнадзор қаблан ба РИА Новости гуфта буд, ки дар Русия агар ин беморӣ роҳ ёбад ҳам, локдаун эълон нахоҳад шуд.
"Мардум ба дуркорӣ намераванд ва ҷараёни ин беморӣ нисбат ба маризии коронавирус сустар мегузарад", - гуйфта буд ӯ.
Ёдовар мешавем, ки аълон ин вирус ба Тоҷиистону Русия роҳ наёфтааст. Дар Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ ба Sputnik Тоҷикистон гуфта буданд, ки хавфи роҳ ёфтани обилаи ҳамдуна ба кишвар ночиз аст.
Аммо намояндагони вазорат новобаста аз мавҷуд набудани бемории мазкур аллакай ба омӯзондани мутаххасисон гузаштанд.
Бояд гуйфт дар Тоҷикистон феълан ягон ҳолати бемории коронавирус ҳам мавҷуд нест.