Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Нерӯҳои Русия 5 посгоҳи фармондеҳии қувваҳои Украинаро бо аслиҳаи дақиқзан нобуд карданд

Вазорати дифои Федератсияи Русия хабар дод, ки панҷ нуқтаи фармондеҳӣ ва се анбори муҳимоти нерӯҳои мусаллаҳи Украинаро нобуд кардаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 2 июл — Sputnik. Нерӯҳои Русия бо аслиҳаи дақиқ дар як шабонарӯз панҷ посгоҳи фармондеҳӣ ва се анбори лавозимоти ҷангии Украинаро нобуд карданд, гуфта мешавад дар гузориши вазорати дифои Русия.
"Дар як рӯз силоҳҳои дақиқи неруҳои Русия панҷ посгоҳи фармондеҳии қувваҳои мусаллаҳи Украина дар манотиқи Артемовск ва Часов Яри Донетск, Первомайское, Зелений Гай ва Бармашовои вилояти Николаевро нобуд карданд", - омадааст дар хабарнома.
Ҳамчунин, гуфта мешавад, ки се анбори лавозимоти ҷангӣ дар маҳалҳои аҳолинишини Шевченково ва Новохриёровкаи вилояти Запороже, инчунин нерӯи корӣ ва таҷҳизоти низомии артиши Украина дар 32 ноҳия низ тахриб шудаанд.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар ҷараёни амалиёти вижа 226 ҳавопаймои украинӣ нобуд карда шуд
Русия рӯзи 24 феврал дар Украина амалиёти вижаро оғоз кард. Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд."
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомигардонии Украина", ба ҷавобгарӣ кашидани тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс сурат бигирад.
Кушта шудани беш аз 200 сокини осоишта ва тахриби 5 ҳазор хона дар Донетск
Нерӯҳои мусаллаҳи кишвар вазифаи асосии марҳилаи аввали амалиёти махсусро анҷом доданд. Онҳо иқтидори ҷангии Украинаро ба таври назаррас коҳиш доданд.