ДУШАНБЕ, 2 июл — Sputnik. Раҳбари Чеченистон Рамазон Қодиров аз муҳосираи Лисичанск аз ҷониби нерӯҳои муттаҳидони Русия ва ҶМЛ хабар дод.
"Дом баста шуд, Лисичанск пурра аз ҷониби нерӯҳои муттаҳидшуда иҳота шудааст", - навиштааст ӯ дар канали Telegram-и худ.
Ӯ қайд кард, ки тамоми даромадгоҳҳо ва баромадгоҳҳо аз шаҳр баста шудаанд.
Қодиров ҳамчунин изҳори эҳтимол кард, ки ҳамлаи ҳамаҷониба ба Лисичанск ба зудӣ оғоз шавад.
"Аз ҳалқаи муҳосира рахна шудан -айриимкон аст, ҳатто агар бисёр кӯшиш кунед. Калламушҳои миллатгароён ба танг омаданд. Вазифа ҳаст ва он бояд бо суръати барқь амаль шавад. Чунин аст тартибот дар сафҳои ҷанговарони мо", — гуфт дар хотима раҳбари Чеченистон.
Қаблан хабарнигори РИА "Новости" дар бораи раҳоии Золотаревка ҳарф зада буд.
Ҳамчунин, дар се рӯзи ахир корхонаҳои коркарди нафти Лисичанск, кони Матросская, корхонаи желатин ва шаҳракҳои Тополевка, Приволе ва Шипиловка таҳти назорат гирифта шудаанд.
Русия аз 24 феврал инҷониб дар Украина амалиёти низомӣ мебарад. Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки ҳашт сол боз таҳти генотсид аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд".
Ҷумҳурии Донетск алакай Волноваха, як маркази муҳими стратегӣ дар ҷануби Донетск, Мариупол, бузургтарин шаҳр дар соҳили баҳри Азов ва Святогорскро, назорат мекунад.