Назарзода занони Хоруғро барои саҳмгузорӣ дар амалиёти вижаи ҳукумат қадрдонӣ кард

Сардори Раёсати Вазорати умури дохилӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон занони фаъолро барои кумак ба мақомот зимни анҷоми амалиёти вижа қадрдонӣ кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 2 июл — Sputnik. Дар ВМКБ занони ҳамаи маҳаллаҳои шаҳри Хоруғ барои саҳм гузоштан дар амалиёти вижаи ҳукумат қадрдонӣ шуданд, хабар медиҳад Раёсати ВУД дар вилояти мазкур.
Бар хабари манбаъ, сардори ин ниҳод дасти кам 100 нафар аъзоёни гурӯҳи кории кормандон-занони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои таъмини амният дар вилоятро бо нишони сарисинагӣ, медалу сипоснома ва ифтихорномаю тӯҳфаҳои арзишнок қадрдонӣ намуд.
Манбаъ меафзояд, миёни кормандони ин ниҳод, ҳамзамон гурӯҳи калони корӣ иборат аз занони ҳамаи маҳаллаҳои шаҳри Хоруғ низ мукофотонида шуданд.
Сардори Раёсати ВКД дар ВМКБ Шариф Назарзода саҳми занони Хоруғро дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва суботи комили сиёсӣ назаррас арзёбӣ намуд.
Поёни амалиётҳо: мақомот гуфтанд, дар ВМКБ фаъолиятҳои гурӯҳҳои террористӣ пурра қатъ шуд
Ба таъкиди ӯ, занони ин шаҳр барои баргузор кардани чораҳои фаҳмондадиҳӣ миёни мардум хона ба хона гашта бо занону модарон суҳбатҳо доир мекарданд.
Назарзода изҳор доштааст, ки ҳоло Бадахшон ба марҳилаи нави рушд қадам гузошта, фазои комили ҳамдигарфаҳмӣ ва тартиботу низоми ҳуқуқӣ пурра ҷорӣ гардидааст.
Сардори раёсат ба тамоми модарону бонувони Бадахшон, аз ҷумла занони шаҳри Хоруғ изҳори миннатдорӣ намуда, афзудааст, ки "маҳз онҳо нагузоштанд, то фарзандонашон фирефтаи баъзе гурӯҳҳо гардида, даст ба кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ ва бетартабиҳои оммавӣ зананд".
Ёдовар мешавем, ки моҳи май мақомоти Тоҷикистон дар ВМКБ як амалиёти вижа пиёда намуданд, ки дар натиҷа чандин нафар куштаву захмӣ ва теъдоди зиёди одамон боздошт гардиданд.