Боздошти созмондиҳандагони ошӯб дар Нуқуси Ӯзбекистон

Дар пойтахти Қарақалпоқистони Ӯзбекистон роҳпаймоии бидуни муҷаввиз баргузор шуд. Созмондиҳандагони ин тазоҳурот аз ҷониби мақомоти қудратӣ боздошт шуданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 2 июл — Sputnik. Як гурӯҳ аз созмондиҳандагони ошӯб дар Нуқус, пойтахти ҷумҳурии мухтори Қорақалпоғистони Ӯзбакистон боздошт шуданд.
Дар изҳороти муштараки порлумон, ҳукумат ва вазорати корҳои дохилии Қарақалпоқистон гуфта мешавад, онҳо талош кардаанд, мақомоти вилоятро ба тасарруфи худ гиранд.
"Гурӯҳи созмондиҳандагони ошӯбҳои оммавӣ ва афроде, ки ба мақомоти интизомӣ муқовимати фаъол нишон медоданд, боздошт шуданд. Ҳоло алайҳи онҳо амалиёти тафтишотӣ идома дорад", - омадааст дар хабари сомонаи порлумони Қароқалпоқистон.
Дар матн гуфта мешавад, ки ҳамаи боздоштшудаҳо тибқи қонунҳои амалкунанда шиносоӣ ва ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Ба гуфтаи мақомоти маҳаллӣ, иғвогарон бо такя ба шаҳрвандони ҷамъшуда талош кардаанд, ки ин ниҳодҳои давлатиро тасарруф кунанд ва "бо ҳамин тариқ ҷомеаро пароканда ва вазъи иҷтимоию сиёсии Ӯзбекистонро ноором созанд".
"Дар ин шароит кӯшишҳои баъзе қувваҳои носолими беруна аз хориҷ барои таъсир расонидан ба рушди вазъ дар Қорақалпоғистон, аз ҷумла тавассути интишори иттилооти мақсаднок ва таҳрифи рӯйдодҳои ҷорӣ нигарониро ба вуҷуд овардааст", - омадааст дар изҳорот.
ВКД Ӯзбекистон: Тартиботи ҷамъиятӣ дар Нуқус таъмин шуд
Пештар Вазорати корҳои дохилии Ӯзбекистон хабар дод, ки дар шаҳри Нуқус, пойтахти ҷумҳурии худмухтори Қорақалпоғистони Ӯзбакистон, ки ба далели ворид кардани тағйирот ба Қонуни асосии ин кишвар, тазоҳуроти ғайриқонунӣ баргузор шуд, тартиботи ҷамъиятӣ таъмин шуда, бо сокинон барои пешгирй кардани ҳодисаҳои ҳуқуқвайронкунӣ, корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.
Ҷумҳурии Мухтори Қорақалпоғистон дар шимолу ғарби Ӯзбекистон - бузургтарин вилоят ҷойгир буда, тақрибан 40% ҳудуди кишварро ишғол мекунад ва тақрибан 2 миллион нафар аҳолӣ дорад.
Солҳои 90-ум дар бораи ҳамроҳ шудан ба Ӯзбекистон ба мақоми ҷумҳурии соҳибихтиёр бо ҳуқуқи баромадан дар асоси раъйпурсӣ ва бо ду забон – қорақалпоқӣ ва ӯзбекӣ созишнома ба имзо расид.
Раисиҷумҳури Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ҳафтаи гузашта пешниҳод кард, ки барои ворид кардани тағйирот ба Қонуни асосӣ раъйпурсӣ баргузор шавад.
Сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ мулоқоти машваратӣ баргузор мекунанд
"Ҷумҳурии Қорақалпоғистон як қисми Ҷумҳурии Ӯзбекистон аст. Дар ҳудуди Ҷумҳурии Қорақалпоғистон тамоми ҳуқуқ ва озодиҳои дар Конститутсия ва қонунгузории Ҷумҳурии Ӯзбекистон пешбинишуда кафолат дода мешаванд", — гуфта мешавад дар лоиҳаи тағйироти нав.
Қаблан кишвардори Ӯзбекистон пешниҳод кард, ки то моҳи декабри соли 2022 ислоҳ карда шавад. Дар охири моҳи май парлумон як комиссияи конститутсионӣ таъсис дод, то лоиҳаи ислоҳотро таҳия кунад.
Дар охири моҳи июн лоиҳаи қонуни конститутсионӣ дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба палатаи қонунгузорӣ пешниҳод шуда, баъдан дар хониши якум маъқул дониста шуда, барои муҳокимаи умум нашр шуд.
Тибқи қарори парлумон, муҳокимаи умумихалқии лоиҳа то 4 июл, бо назардошти он идома меёбад ва баъдан лоиҳаи қонун ба раъйпурсӣ пешниҳод карда мешавад. Дар лоиҳаи қонун ба 64 моддаи конститутсия беш аз 200 тағйирот дохил карда мешавад.