Узви Конгресси ИМА аз мақомоти Амрико даъват кард, ки аз НАТО хориҷ шавад

Узви Конгресси Амрико аз мақомоти кишвараш даъват кард, ки ба хотири Украина хавфи ҷанги ҳастаиро эъҷод накунанд ва аз НАТО хориҷ шаванд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 1 июл — Sputnik. Марҷори Тейлор Грин, узви палатаи намояндагони ИМА ахиран дар саҳифаи твиттериаш навиштааст, ки Вашингтон ва НАТО бояд аз доман задани таниш дар Украина даст кашанд, то аз оқибатҳои нохуш барои тамоми ҷаҳон ҷилавгирӣ кунанд.
Ба гуфтаи вай, мардуми Амрико намехоҳанд бо Русия даргири низомӣ шаванд, аммо НАТО ва маъмурияти президент Ҷо Байден бо ҳар роҳ талош доранд, ки кишварро ба рақобат бикашанд.
Вай таъкид кард, ки "дар ин ҷанг ғолиб нахоҳад буд".
"Ташдиди вазъ ба хотири Украина, як кишвари узви НАТО нест, метавонад боиси ҷанги ҳастаӣ шавад. Ин як бозии қудратист, ки тамоми ҷаҳонро зери хатар мегузорад. Мо бояд аз НАТО хориҷ шавем", - навиштааст зани конгрессмен.
Русия 24 феврал дар Украина амалиёти вижаро оғоз кард.
Кишвардор Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Стратегияи НАТО барои боздорандагии Русия ва Чин
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом дода, тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Нерӯҳои мусаллаҳи кишвар вазифаи асосии марҳилаи аввали амалиёти махсусро анҷом доданд. Онҳо иқтидори ҷангии Украинаро ба таври назаррас коҳиш доданд.
Пас аз оғози амалиёти вижа, Маскав ва Киев 4 даври музокироти рӯ ба рӯ баргузор карданд. Тарафҳо аллакай дар баъзе масъалаҳо ба созиш расиданд.
Аммо моҳи апрел муколама қатъ шуд, зеро Украина ба пешниҳодҳои Русия дар бораи тарҳи паймон дигар вокуниш накард.