ДУШАНБЕ, 1 июл — Sputnik. Александр Лукашенко, раисиҷумҳури Беларус гуфт, ки кишварҳои пасошӯравӣ, агар мехоҳанд истиқлолияти худро ҳифз кунанд, бояд ба Иттиҳодияи Беларусу Русия наздиктар шаванд.
"Имрӯз кишварҳои пасошӯравӣ бояд самимона ба наздикшавии Иттиҳоди Русия ва Беларус манфиатдор бошанд, агар хоҳанд, соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти худро ҳифз намоянд. Мо итминон дорем, ки танҳо якҷоя метавонем бо чолишҳои глобалӣ, ки рӯ ба рӯ мешавем, мубориза барем", - гуфт Лукашенко дар паёми видеоиаш, дар ҷаласаи Беларус ва Русия.
Ба гуфтаи ӯ, "онҳое, ки то ҳол шубҳа доранд, бояд дарк кунанд: бидуни ваҳдату муттаҳидии зуд, таҳкими равобити байнидавлатӣ ва танҳо муносибатҳои оддии инсонӣ, мо фардо вуҷуд дошта наметавонем".
"Дар марҳалаи кунунӣ иттиҳоди мо (Беларус ва Русия) дар ҷараёни умумии равандҳои ҳамгироӣ нақши муҳимро мебозад. Ин намунаи ҳамкориҳои байнидавлатии фарҳангӣ ва иқтисодӣ аст", - гуфт Лукашенко.
Ёдовар мешавем, ки баъд аз амалиёти вижаи Русия дар Украина кишварҳои ғарӣ алайҳи Беларус ва Русия таҳримҳои шадид ворид карданд.