ДУШАНБЕ, 1 июл — Sputnik. Сухангӯи Кремл Дмитрий Песков ҷузъиёте аз паёми раҳбари Украина Владимир Зеленскийро ба президенти Русия Владимир Путин ошкор кард.
Ин паёмро раҳбари Индонезия Ҷоко Видодо ба кишвардори Русия расонид.
Як рӯз пеш раисиҷумҳури кишвар вориди Кремл шуд ва дар музокирот бо Путин ширкат кард. Пас аз мулоқот Видодо ба хабарнигорон гуфт, ки вай "паёми президент Зеленскийро ба Путин расонид", аммо ҷузъиёти онро ифшо накард.
Раҳбари Индонезия ҳамчунин изҳори омодагии худро барои ташкили муколама миёни сиёсатмадорон изҳор дошт.
Бегоҳӣ рӯзноманигорон бо саволҳо дар бораи ин паём ба сухангӯи Кремл Дмитрий Песков "ҳамла" карданд.
Котиби матбуотии сарвари давлат гуфт, ки намедонад, ки гап сари чӣ мавзуъе меравад. Рӯзи ҷумъа, зимни мулоқоти навбатӣ бо ВАО, ин савол такрор шуд.
"Сухан дар бораи паёми хаттӣ намеравад. Ин ягона чизест, ки ман ба шумо гуфта метавонам", - гуфт Песков.
Ёдовар мешавем, ки қабл аз сафараш ба Русия Видодо вориди Украина шуда, бо Зеленский гуфтугӯ карда буд.
Он замон шабакаи бритониёии Sky News хабар дод, ки раиси ҷумҳури Индонезия аз ҳамтои худ даъват кардааст, ки паёми шахсии худро ба раҳбари Русия бирасонад.
Баъдтар котиби матбуотии Зеленский Сергей Никифоров ин паёмро шарҳ дод.
Ба гуфтаи ӯ, раисиҷумҳури Украина агар бихоҳад ба касе паём бирасонад, ошкоро муроҷиат мекунад.