ДУШАНБЕ, 1 июл — Sputnik. Туркия нияти эълони ҷанг бо Юнонро надорад, аммо Афина ҳарими ҳавоиро нақз мекунад.
Ин нуктаро Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисҷумҳури Туркия, зимни суҳбат бо хабарнигорон баъди намози ҷумъа баён дошт.
"Мо чунин мушкиле надорем, ки бо Юнон ҷанг оғоз кунем. Аммо Юнон барои ҳарфҳояш ҷавоб намедиҳад. Онҳо 147 бор ҳарими ҳавоии моро убур карданд", - изҳор дошт ӯ.
Дар чунин ҳолат мо дар ҳамсоягӣ чӣ гуна зиндагӣ хоҳем кард, суол гузошт Раҷаб Тайиб Эрдуғон.
"Мо чӣ кунем. Шаҳрвандони кишварамон чӣ хоҳанд гуфт, агар нерӯҳои ҳавоии кишвар посух надиҳанд. Оё суол нахоҳанд кард, ки нерӯҳои ҳавоии мо куҷоянд", - таъкид кард вай.
Инчунин ба гуфтаи Раҷаб Тайиб Эрдуғон бархе аз роҳбарони кишварҳои ҷаҳон талош доранд, ки Туркия ва Юнонро оштӣ диҳанд.
"Мо гуфтем, ки дар ҳоли ҳозир ин масъаларо баррасӣ намекунем", - таъкид намуд Эрдуғон.
Маврид ба зикр аст, ки Туркия ва Юнон наздик ба 200 километр марзи муштарак доранд ва дар тӯли таърих танишҳое дар мавриди қаламравҳо доштаанд, ки баъзан бо ҷанг мепечид.
Ахиран Мевлют Чавушоғлу, вазири умури хориҷии Туркия, изҳор дошт, ки Юнон бояд мақоми ғайринизомиии ҷазираҳои Эгейро нақз накунад, дар акси ҳол Анқара масъалаи мухторияти онҳоро ба баррасӣ мегузорад.
Пештар аз ин вазири мудофиаи Юнон, Никос Панайотопулос гуфт, тоқати Афина ба охир расида истодааст ва ниёз ба ҳамсояе надорад, ки бо ҷанг таҳдид мекунад.