ДУШАНБЕ, 1 июл — Sputnik. Аз оғози амалиёти вижаи низомӣ дар Украина то кунун, 226 ҳавопаймои украинӣ ва 1411 ҳавопаймои бесарнишин нобуд карда шуд.
Дар ин бора дафтари матбуоти вазорати дифои Русия рӯзи ҷумъа хабар дод.
"Дар маҷмӯъ аз оғози амалиёти махсуси низомӣ:: 226 ҳавопаймо, 134 чархбол, 1411 ҳавопаймои бесарнишин, 353 низоми зиддимушакии зиддиҳавоӣ, 3873 танк ва дигар мошинҳои зиреҳпӯши ҷангӣ, 699 мошини чандкаратаи ҷангӣ, мушакбарандаҳо, 3067 тӯпхона ва миномётҳои саҳроӣ, инчунин 3948 адад мошинҳои махсуси ҳарбӣ нобуд карда шуд", - омадааст дар гузориш.
Ёдовар мешавем, ки Федератсияи Русия рӯзи 24 феврал дар Украина амалиёти вижаро оғоз кард. Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд."
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомигардонии Украина", ба ҷавобгарӣ кашидани тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс сурат бигирад.
Нерӯҳои мусаллаҳи кишвар вазифаи асосии марҳилаи аввали амалиёти махсусро анҷом доданд. Онҳо иқтидори ҷангии Украинаро ба таври назаррас коҳиш доданд.