ДУШАНБЕ, 30 июн — Sputnik. Ғарб мавқеъи худхоҳонаеро ишғол кардааст, диктатураи худро бар ҳама таҳмил мекунад ва шартҳо пешниҳод мекунад.
Дар ин бора вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров дар оғози музокирот бо ҳамтои белоруси худ Владимир Макей изҳор дошт.
Дар идома Лавров ба раисиҷумҳури Беларус Александр Лукашенко барои дастгириҳо изҳори миннатдорӣ баён намуд.
"Ояндаи тартиботи ҷаҳонӣ воқеан зери хатар аст ва мо дар амал аз принсипҳои Оинномаи СММ, пеш аз ҳама, принсипи баробарии соҳибихтиёрии давлатҳо дифоъ хоҳем кард. Интихоби мо маълум аст. Мо ҷонибдори эҳтироми бечунучарои қонуни байналмилалӣ ҳастем ва дар якҷоягӣ бо муттаҳидони белорусӣ ва дигар муттаҳидони худ аз ин мавқеъ дифоъ хоҳем кард", - таъкид кард вазири Русия.
Маврид ба зикр аст, ки Сергей Лавров бо як сафари корӣ бахшида ба 30-умин солгарди барқарории равобити дипломатӣ миёни Русия ва Беларус дар Минск қарор дорад.
Мулоқоти ӯ бо кишвардори Беларус Александр Лукашенко баргузор гардид.
Қаблан, дипломати рус изҳор дошт, ки Иёлоти Муттаҳида наметавонад Русияро аз ҳуқуқи овози худ дар умури байналмилалӣ маҳрум созад.
Ҳамчунин, Вашингтон наметавонад Маскавро маҷбур созад, ки қоидаҳои бофтааш барои интиқоли силоҳ ба Украинаро риоя кунад.
Ба гуфтаи вай, Иёлоти Муттаҳида ба ҳадафҳои мушаххасе ноил шудан мехоҳад, ки онҳо кайҳо эълон карда буданд.