ДУШАНБЕ, 30 июн — Sputnik. Туфангдорон видеоеро ба нашр расонда ва бо парчамҳои “Туркистони Ҷанубӣ” дар вилояти Балх эъломи мавҷудият карда ва мегӯянд, ки барои дифоъ аз ҳаққи турктаборон мубориза хоҳад кард, иттилоъ додааст Sputnik Тоҷикистон.
Ин нахустин ҷабҳаи ҷангӣи турктаборон дар шимоли Афғонистон мебошад.
Маъмулан маҳалли иқомати туркҳо дар вилоятҳои Фарёб, Ҷузҷон ва Сарипул аст.
Бархе аз насионалистҳо онҳо шимоли Афғонистонро ба номи Туркистон ёд мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки дар Афғонистон ҳоло ҷабҳаи муқовимати миллӣ бо раҳбарии Аҳмади Масъуд фаъолият дорад. Дар бархе аз манотиқи дигари ин кишвар чанд ҷабҳаи дигар алайҳи ҳукумати феълии толибон фаъолият мекунад.
Дар авоили моҳи август Толибон ҳамлаи худро алайҳи нерӯҳои ҳукуматӣ дар Афғонистон афзоиш дода, рӯзи 15 август вориди Кобул шуданд ва рӯзи дигар эълом карданд, ки ҷанг ба охир расидааст.
Ду ҳафтаи ахири моҳи август аз фурудгоҳи Кобул, ки таҳти ҳифозати низомиёни амрикоӣ буд, беруновардани оммавии шаҳрвандони ғарбӣ ва афғонҳое, ки бо онҳо ҳамкорӣ доштанд, сурат гирифт.
Шаби 31 август низомиёни амрикоӣ фурудгоҳи Кобулро тарк карда, ба ҳузури тақрибан 20 солаи низомии худ дар Афғонистон хотима доданд.