Раҳмон Путинро гусел кард: Душанбе натиҷаи музокиротро ба фоидаи ду ҷониб арзёбӣ намуд

Раисҷумҳури Русия шоми 28 июн бо сафари корӣ ба Тоҷикистон омада, баъди музокирот бо ҳамтои тоҷикаш субҳи 29 июн Душанберо бо қасди Ишқобод тарк кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 29 июн — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, пеш аз зуҳри 29 июн ҳамтои русиягияш, Владимир Путинро дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе гусел кард.
Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар дод.
Манбаъ зикр кард, ки Владимир Путин 28 июн бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф оварда, бо Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри миллат мулоқоту суҳбат анҷом дод.
"Зимни вохӯрӣ маҷмуи васеи масъалаҳои ҳамкории ду кишвар баррасӣ гардида, ҷонибҳо оид ба рушду густариш ва тавсеаи муносибатҳои ҳамкорӣ дар сатҳи дуҷониба ва ҳам дар чаҳорчуби ташкилоту созмонҳои минтақавию байналмилалӣ, табодули андеша карданд", - омадааст дар иттилоия.
Баргузории Шоми дӯстӣ ба ифтихори сафари Владимир Путин - видео
Дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон таъкид намудаст, ки натиҷаҳои ин сафар ва мулоқоти сатҳи олӣ барои идомаи бобарори шарикии стратегии Душанбе ва Маскав бар нафъи мардумони ду давлат хизмат хоҳад кард. Аммо тафсилоти натиҷаю созишҳо ироа нашудаанд.
Баъди боздид аз Душанбе сафари президенти Русия ба Ишқобод дар назар аст. Ӯ дар ин шаҳр дар ҷаласаи сарони кишварҳои соҳили Хазар иштирок хоҳад кард, ки роҳбарони Озарбойҷон, Қазоқистон, Эрон ва Туркманистонро низ дар бар мегирад.
Сафари Путин дар ҳоле сурат мегирад, ки масоили амниятӣ аз мавзуъҳои меҳварӣ дар минтақа арзёбӣ мешаванд. Ахиран нигарониҳое аз сӯйи мақомоти қудратии Русия дар мавриди вазъи Афғонистон низ садо доданд.