Дар таксиҳои Маскав тугмаи бонги хатар пайдо мешавад

Дар доираи лоиҳаи озмоишӣ дар як таксии Маскав барномае бо тугмаи бонги хатар насб карда шуд: он ба ронандагон имкон медиҳад, ки ҳангоми хатар огоҳӣ диҳанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 29 июн — Sputnik. Барои ронандагони таксиҳои Маскав замимаи дорои тугмаи бонги хатар роҳандозӣ шуд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти ҳавзаи марказии Нерӯҳои Гвардияи Русия.
Дар сурати рух додани вазъияти ногувор ва хатарнок, ронанда метавонад ба Гвардияи миллӣ муроҷиат кунад.
Ҳоло маъмурони амниятии хусусӣ мошинҳои таксӣ дар Маскавро зери назорат гирифтаанд.
Барои санҷиши лоиҳа, замима бо тугмаҳои бонги хатар бо номи Help driver дар 14 мошин насб карда шуд.
Муҳоҷирони дорои доғи судиро ба таксиронӣ роҳ намедиҳанд
Гуфта мешавад, ки ҳангоми фаъол шудани тугма макон ва самти ҳаракати таксӣ фавран муайян карда мешавад.
Мувофиқи нақша гуруҳи наздиктарин фавран ба мошин фиристода мешавад.
Илова бар ин, фавран пас аз фаъол кардани тугма дар кабинаи таксӣ, камераи видеоӣ ба таври худкор сабти вазъро дар мошин оғоз мекунад.
Дар Русия аз ҳама беш таксиронҳои қирғиз дучори садама мешаванд: тоҷикон дар ҷойи дуюм
Видео ба таври худкор ба сервер бор карда мешавад, ки дар он аз оғози наворбардорӣ чанд рӯз нигоҳ дошта мешавад.
Ин барнома бояд ҳаёт ва саломатии ронандагони таксӣ, ки аксар вақт қурбони ҳамлаҳои мусофирон мешаванд, муҳофизат кунад.