ДУШАНБЕ, 29 июн — Sputnik. Тоҷикистонро чанд рӯзи охир гармои шадид фаро гирифтааст. Ҳавосанҷон қаблан хабар доданд, ки дар Тоҷикистон то 30 июн дамои ҳаво тафсон мешавад. Аммо ҳоло ин ниҳод ба нашри иттилоъи нав аз идомаи гармиҳо дар кишвар ҳушдор доданд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода бо истинод ба Оҷонсии ҳавоишносӣ мегӯяд, гармиҳо дар Тоҷикистон то 3 июл идома меёбанд.
Манбаъ меафзояд, дар чунин вазъи ҳаво хавфи обхезӣ ва резиши санг дар роҳҳои кӯҳӣ зиёд аст.Гуфта мешавад, дар баъзе ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ ва қисми ғарбии ВМКБ дар натиҷаи гармои шадид эҳтимоли об шудани барф дар кӯҳҳо ва омдани сел вуҷуд дорад.
"Ҳамзамон ин ҳолат метавонад ба баландшавии сатҳи оби рӯдхонаҳо сабаб шавад", - мегӯяд манбаъ.
Оҷонсӣ мегӯяд, дамои ҳаво то се июл дар Душанбе то 43 дараҷа ва дар ғарби ВМКБ то 36 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар ҳамин иртибот КҲФ аз шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар хоҳиш мекунад хеле эҳтиёткор бошанд, бахусус ҳангоми истифода аз роҳҳои кӯҳӣ гузаштан ва ҳузур дар соҳили дарёҳову кӯлҳо ботаваҷҷӯҳ бошанд.