Амри президенту тасдиқи Озода Раҳмон: вазирону раисон аз корашон ба омма ҳисобот медиҳанд

Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи раисҷумҳури Тоҷикистон ҷадвали баргузории нишастҳои матбуотии ҷамъбасти шашмоҳаи аввали соли равонро тасдиқ кардааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 29 июн — Sputnik. Нишастҳои матбуотии вазорату идораҳои Тоҷикистон дар мавриди ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияташон дар шашмоҳаи якуми соли равон 11 июл оғоз мегарданд.
Ба иттилои хабаргузории "Ховар", нақшаи ташкили нишастҳои матбуотии вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳоро Озода Раҳмон, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи раисҷумҳури Тоҷикистон аллакай тасдиқ намудаст.
"Зимни нишастҳои матбуотие, ки ҳар рӯзи корӣ аз ҷониби чанд вазорату идораҳо баргузор мешаванд, намояндагони воситаҳои ахбори омма имкон доранд ба саволу пурсишҳояшон ҷавоб гиранд", - омадааст дар иттилоия.
Интизор меравад, ки нишастҳои матбуотӣ беш аз 20 рӯз - аз 11 июл то 5 август идома хоҳанд дошт.
Марҳилаи зимистонии нишастҳои матбуотии мақомоту муассисаҳои давлатӣ дар Тоҷикистон ба ҷамъбасти сол бахшида шуда буданд, 18 рӯз аз 31-уми январ то 17 феврал идома доштанд.
Ду шабакаи телевизиони Тоҷикистон ба пахши моҳвораӣ мегузаранд
Нишастҳои матбуотӣ, мутобиқи амри раисиҷумҳури Тоҷикистон, аз 15 сентябри соли 2011, соле ду бор, дар ҷамъбасти фаъолияти шашмоҳа ва яксола баргузор мешаванд. Қаблан роҳбарон ҳар семоҳа нишастҳои матбуотӣ баргузор мекарданду аз бурду бохти бахши таҳти масъулияташон гузориш медоданд.