ДУШАНБЕ, 28 июн — Sputnik. Ваколатдори ҳуқуқи башар дар Федератсияи Русия, Татяна Москалкова аз Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх - КБСС дархост кардааст, ки барои баргардондани маллоҳон аз Украина мусоидат намоянд.
Ӯ зимни ҷаласаи фраксияи Ҳизби коммунисти Русия изҳор дошт, ки 77 шаҳрванди Русия дар киштиҳо дар Украина боздошт шудаанд.
"Ман хохиш кардам, ки дар баргардонданашон кумак кунанд, ба дидани 77 маллоҳи 8 киштӣ бираванд, ки моҳи сеюм бидуни ҳеҷ гуна асосҳои қонунӣ дар қаламрави Украина дар Измайл нигаҳдорӣ мешаванд", - изҳор дошт Москалкова.
Вай илова намуд, ки дар миёни боздоштшудаҳо занон ҳам ҳастанд.
"Аксари онҳо аз 60-сола боло ҳастанд, ҳангоми даъват кардани табиб душворӣ мекашанд, умуман ба соҳил баромада наметавонанд, дар соҳил, дар назди киштиҳо одамони мусаллаҳ ҳастанд”,- таъкид намуд ваколатдори ҳуқуқи башари ФР.
Вай қаблан низ изҳори нигаронӣ намуд, ки дар Украина баҳрнавардони киштиҳои мулкӣ боздошт мегарданд.
Маврид ба зикр аст, ки ваколатдори ҳуқуқи башар қаблан низ дар гузоришаш ба Владимир Путин, раисҷумҳури Русия аз фаъолияти КБСС дар пасманзари ҳаводиси Украина гила карда буд.
Аз ҷумла аз кори Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх изҳори нигаронӣ кард, ки иттилоъ дар мавриди ҳоли асирони русиягӣ ва риояи меъёрҳои байналмилалӣ дар муносибат бо онҳоро ироа намекунад.
Дар зимн ваколатдори ҳуқуқи инсон аз номи гурезаҳо дар Русия ба Путин изҳори сипос кард, ки дар ҳалли мушкилоташон мусоидат мекунанд.