ДУШАНБЕ, 28 июн — Sputnik. Вазъият дар Афғонистон аз мавзуъҳои мавриди баррасии Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ва Владимир Путин дар шаҳри Душанбе мебошад.
Дар ин бора сомонаи Кремл бо нашри як иттилоия хабар додааст. Масоили таҳкими шарикии стратегӣ ва иттиҳод миёни Душанбе ва Маскав аз мавзуъҳои дигари мулоқот арзёбӣ шудаанд.
"Дар барномаи гуфтушуниди сатҳи олӣ - масоили рушди муносиботи Русия ва Тоҷикистон дар бахши шарикии стратегӣ, иттиҳод ва инчунин мушкилоти минтақаӣ, аз ҷумла Афғонистон матраҳ мешаванд", - омадааст дар иттилоия.
Феълан музокироти дуҷонибаи Раҳмону Путин дар пойтахти Тоҷикистон идома дорад.
Табиист, ки масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои дуҷониба - тиҷорату иқтисод, бахшҳои низомӣ, ҳарбӣ-техникӣ ва фарҳангию гуманитарӣ баррасӣ хоҳанд шуд, изҳор дошт Юрий Ушаков, ёвари раисҷумҳури Русия дар шарҳи ин мулоқот.
Ин нахустин сафари хориҷии президенти Русия баъди оғози амалиёти низомӣ дар Украина арзёбӣ мешавад.
Баъди боздид аз Душанбе сафари президенти Русия ба Ишқобод дар назар аст. Ӯ дар ин шаҳр дар ҷаласаи сарони кишварҳои соҳили Хазар иштирок хоҳад кард, ки роҳбарони Озарбойҷон, Қазоқистон, Эрон ва Туркманистонро низ дар бар мегирад.
Сафари Путин дар ҳоле сурат мегирад, ки масоили амниятӣ аз мавзуъҳои меҳварӣ дар минтақа арзёбӣ мешаванд. Ахиран нигарониҳое аз сӯйи мақомоти қудратии Русия дар мавриди вазъи Афғонистон низ садо доданд.