ДУШАНБЕ, 28 июн — Sputnik. Дар пойтахти Тоҷикистон рӯзи 28 июн ҳаракат дар бахше аз кӯчаҳо маҳдуд карда мешавад.
Дар ин бора аз Раёсати бозрасии давлатии автомобилии ВКД ба Sputnik Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Кормандони интизомӣ дар робита ба сафари раисиҷумҳури Русия Владимир Путин ба Тоҷикистон чунин тадобирро ҷорӣ мекунанд.
Ҳамин тариқ аз соати 12:00 то 16:00 хиёбони Рӯдакӣ то Карамов, хиёбони Исмоили Сомонӣ то Қараболо, С. Айнӣ, А.Дониш баста мешаванд.
Ба иттилои манбаъ, ҳаракати нақлиёт аз соати тақрибан 17:00 пас аз қабули меҳмон пурра кушода мешавад.
Интизор меравад, рӯзи 28 июн раисҷумҳури Русия, Владимир Путин бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф орад.
Ин нахустин сафари Путин ба нишасти бисёрҷонибаи рӯбарӯ дар соли 2022 ва дувумин сафари хориҷии ӯ аст. Моҳи феврали соли 2022 сарвари давлат аз Чин дидан кард, ки дар он ҷо Бозиҳои олимпӣ ва паралимпӣ баргузор шуданд.
Боздиди охирини раҳбари Русия ба Тоҷикистон моҳи июни соли 2019 сурат гирифта буд.
Баъди боздид аз Душанбе сафари президенти Русия ба Ишқобод дар назар аст. Ӯ дар ин шаҳр дар ҷаласаи сарони кишварҳои соҳили Хазар иштирок хоҳад кард, ки роҳбарони Озарбойҷон, Қазоқистон, Эрон ва Туркманистонро низ дар бар мегирад.