Путин бо Раисӣ дар Туркманистон дидори ҷудогона мекунад

Дидори президенти Русия ва раисҷумҳури Эрон дар ҳошияи иҷлоси сарони кишварҳои ҳошияи соҳилии дарёи Хазар дар Ишқободи Туркманистон сурат мегирад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 28 июн — Sputnik. Юрий Ушаков, мушовири раисумуҳри Русия эълом кард, ки Владимир Путин, дар шашумин иҷлоси сарони кишварҳои соҳили дарёи Хазар дар Туркманистон ширкат карда ва дар ҳошияи он ба таври ҷудогона бо Саидиброҳими Раисӣ, раисҷумҳури Эрон ва Илҳом Алиев, кишвардори Озарбойҷон дидор хоҳад кард, иттилоъ додааст хабаргузории “Ирвон”.
Раисҷумҳури Эрон дар сафари ахираш ба Маскав дар кохи Кремел бо Владимир Путин дидор карда буд ва ин дидор дуввумин дидори руасои Ҷумҳуриҳои ду кишвар маҳсуб мешавад.
Расонаҳои эронӣ хабар медиҳанд, ки Саидиброҳим Раисӣ чаҳоршанбеи ҳафтаи ҷорӣ дар раъси ҳайати олии рутба аз мақомҳои сиёсӣ ва иқтисодии Эрон барои ширкат дар шашҳумин Иҷлоси сарони кишварҳои ҳошияии Хазар ба Туркманистон сафар мекунад.
Владимир Путин ба Душанбе меояд
Раисҷумҳури Эрон дар ин сафар илова бар ширкат ва суханронӣ дар Иҷлоси сарони ҳишияи Хазар, бо руасои ҷумҳури кишварҳои ҳозир дар Иҷлос низ дидор ва гуфтугӯ хоҳад дошт.
Шашумин Иҷлоси кишварҳои ҳошияии Хазар 29-уми июн дар Ишқобод пойтахти Тукрманистон, бо ҳузури руасои ҷумҳури панҷ кишвари ҳошияи ин дарё баргузор мешавад.
Баррасии наҳваи ҳамкориҳо пиромуни мавзуъоти дарёи Хазар ва омодасозии муқаддимотии ҳузури руасои кишварҳо муҳимтарин дастури кори Шӯрои вазирони хориҷаи Ишқобод аст, ки пеш аз баргузории нишасти аслиии ҷаласоте баргузор мекунад.