Афзоиши ҳаҷми хидматрасониҳои пулакӣ дар Тоҷикистон

Хаҷми хидматрасонии пулакӣ аз ҷиҳати фарогирӣ ба ҳар сари аҳолӣ дар навоҳии пойтахт нисбат ба дигар шаҳрҳои ҷумҳурӣ зиёд буда, давоми сол 10,1 фоиз афзудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 28 июн — Sputnik.Дар Тоҷикистон ҳаҷми хидматрасонии пулакӣ дар панҷ моҳи соли 2022 беш аз 7,1 миллиард сомониро (670,9 миллион доллар) ташкил дод, гузориш медиҳад, Оҷонсии омор.
Ин ҳаҷм бо назардошти хидматҳое, ки тавассути тамоми роҳҳои имконпазир дар кишвар расонида мешаванд, нишон дода шудааст.
Омори нав 10,1% нисбат ба нишондиҳандаҳои моҳҳои январ-майи соли 2021 бо нархҳои муқоисашаванда зиёд аст.
"Аз ҳаҷми зикршуда ҳудуди 76,9% ё беш аз 5,5 миллиард сомонӣ (519,7 миллион доллар) ба аҳолӣ хизмат расонида шудааст", - шарҳ медиҳад агентӣ.
Дар мавриди хаҷми хизматасониҳои пулакии корхонаҳои давлатии кишвар, саҳми онҳо 22,1 фоизи нишондиҳандаҳои умумиро ташкил медиҳад.
Ҳисоби сатҳи таваррум дар Тоҷикистон: чӣ гарон шуд?
Гуфта мешавад, ки аз лиҳози фарогирии хизматрасонӣ ба ҳар сари аҳолӣ дар қиёс бо дигар минтақаҳои Тоҷикистон навоҳии атрофи пойтахт бартарӣ доранд.
Ҳамин тавр, дар шаҳри Душанбе сатҳи хизматрасонӣ аз ҳисоби миёнаи ҷумҳурӣ 4,6 баробар зиёд шудааст.
Қобили зикр аст, ки тибқи иттилои ин ниҳод, ҳаҷми хидматрасонии пулакӣ дар кишвар ду сол қабл 10,3 миллиард сомониро (бо қурби соли 2020 912,7 миллион доллар) ташкил медод.
Илова бар ин, Душанбе аз ҷиҳати хизматрасонӣ ба ҳар сари аҳолӣ дар муқоиса бо дигар минтақаҳо ҳамеша пешсаф аст.