ДУШАНБЕ, 27 июн – Sputnik. Вазири корҳои хориҷии Беларус Владимир Макей бо супориши Лукашенко, музокироти Русия ва Украинаро шахсан таъмин кард. Дар ин бора ӯ дар мусоҳибаи ихтисосӣ бо Sputnik изҳор дошт.
Вазир ёдовар шуд, ки Беларус дар оғози раванди музокироти Русия ва Украина саҳм гузошта буд. Ба таъкиди ӯ, дар хоки Беларус се даври гуфтушунид баргузор шуд.
"Гузашта аз ин музокирот пас аз занги қатъии президент Лукашенко ба президент Зеленский оғоз ёфт, ки ахирӣ нахост ҳайаташро фиристад. Он вақт ҳайати Русия аллакай мунтазири омадани ҳайати Украина буданд", - гуфт Макей.
Ба гуфтаи Макей, ӯ бо супориши раисиҷумҳури беларус мустақиман баргузории ин музокиротро таъмин кард. Вазир зикр намуд, ки дар ҳар даври музокирот пешрафти хеле рӯшан мушоҳида мешуд.
"Агар қаблан - дар даври аввал ҳайатҳо баъзе талабҳои ғайриқобили қабул ба миён гузоштанд, вале дар охир онҳо дарк карданд. ки дар мулоқоти навбатӣ масъалаҳои мушаххасро дар самтҳои мушаххас бояд баррасӣ кунанд", - афзуд дипломат.
Дар идома ӯ қайд намуд, "ҳар дафъае, ки ҳайати Украина бо кайфияти мусбат ба хонаашон бармегашт, пас аз чанде маълумоти манфӣ пайдо мешуд ва мавқеъ тамоман тағйир меёфт.
"Шояд он ҷо мушовирони муайян чизи дигар маслиҳат медоданд", - тахмин намуд Макей.
Ӯ гуфт, пас аз се даври бомуваффақияти музокирот дар қаламрави Беларус тасмим гирифта шуд, ки масоил дар формати онлайн баррасӣ шавад, вале пас аз мулоқоти ахир дар Туркия ҳама чиз тағйир ёфт.
Макей муътақид аст, ки мақомоти Украина иродаи сиёсӣ надоранд, зеро итминон доранд, ки ба ин кишвар ҳама гуна кумакҳо - таҷҳизоти низомӣ, пуштибонии сиёсӣ ва пазируфта шудан ба Иттиҳодияи Аврупо расонида мешавад.
"Ҳамаи ин фаъолияти низомии Украинаро таҳрик медиҳад ва ба раванди гуфтушунид мусоидат намекунад. Аммо дер ё зуд бояд сари мизи гуфтушунид нишаст.
Ёдовар мешавем, Русия 24 феврал дар Украина амалиёти вижаро оғоз кард.
Кишвардор Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".