ДУШАНБЕ, 27 июн — Sputnik. Иброҳим Калин, сухангӯи раисҷумҳури Туркия гуфт, Анқара ба таҳримҳои зидди Русия ҳамроҳ нахоҳад шуд, иттилоъ додааст хабаргузории РИА “Новости”.
Вай дар мусоҳиба бо хабарнигорон дар шабакаи телевизионии “Haberturk” гуфт: "Ин аз манфиатҳои иқтисодии иқтисодии мо вобастааст, мо аз манбаъҳои берунаи энержӣ вобастаем".
Ба гуфтаи вай, Анқара мавқеъи худро ба кишварҳои ғарбӣ ошкоро баён кардааст, ва миёни кишварҳои ғарбӣ ҳамдигарфаҳмӣ мушоҳида кардааст.
Калин афзуд, таҳримҳо бар зидди Русия пеш аз ҳама ба иқтисоди Туркия зарба хоҳад зад.
Ёдрас мешавем, ки чанде пеш роҳбари Чин бар ин бовар аст, таҳримҳо ҳам ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҳам ба онҳое, ки таҳрим ҷорӣ мекунанд, зарар хоҳад расонд.
Ёдовар мешавем, ки Иёлоти Муттаҳида ва Иттиҳодияи Аврупо дар робита ба оғози амалиёти вижаи Федератсияи Русия барои ҳифзи Донбасс алайҳи Маскав маҳдудиятҳои густарда ҷорӣ кардаанд.
Таҳримҳо ба соҳаҳои молиявӣ, энергетика, нақлиёт, технологӣ ва сиёсати раводид таъсир расонданд.
Ҳамин тариқ ИА амалиёти идоракунии захираҳо ва дороиҳои Бонки марказиро манъ кард ва ба дунболи он як қатор бонкҳои Русияро аз системаи SWIFT хориҷ сохт.
ИМА воридоти нафти Русия, гази моеъ (LNG) ва ангиштро маҳдуд карда, баъдан арақ, маҳсулоти баҳрӣ ва алмоси сохти Русияро ба ин рӯйхат ворид кард. Инчунин бисёр брендҳои хориҷӣ кор дар Федератсияи Русияро боздоштанд.
Илова бар ин Иттиҳодияи Аврупо паҳн кардани мавод тавассути расонаҳои русии "Russia Today" ва "Sputnik" мамнуъ кард ва баъдан ин ниҳодҳо видеохостинги "YouTube"-ро низ масдуд карданд. Чунин маҳдудиятҳо ба дигар расонаҳои Русия низ таъсир расониданд.
Илова бар ин Иттиҳодияи Аврупо, ИМА ва як қатор давлатҳои дигар дороиҳои хориҷии сиёсатмадорон ва соҳибкорони Русияро масдуд карда, вуруди онҳоро ба қаламрави худ низ манъ кардаанд. Рӯйхати таҳримҳо давра ба давра нав мешавад.