ДУШАНБЕ, 27 июн – Sputnik. Дар Колумбия ҳангоми мусобиқаи анъанавии барзагговдавонӣ минбари майдон фирӯ рехт.
Дар натиҷаи ин ҳодиса чаҳор нафар ба ҳалокат расида, чандсад нафари дигар зери харобаҳои трибунаҳо монданд.
Ҳадди ақал 150 нафар ҷароҳатҳои вазнин бардоштаанд. Дар ин бора, дар торномаи радиои Ondas de Ibagué хабар дода мешавад.
Дар ҳамин ҳол, бино ба навиштаи рӯзномаи маҳаллии El Tiempo, шумори қурбониён метавонад ба 500 нафар бирасад.
Дар миёни кушташудагон як кӯдак низ ҳаст.
"Тибқи маълумоти охирин, чаҳор нафар - се калонсол ва як ноболиғ ҳалок шуданд, 150 нафари дигар маҷрӯҳ гардиданд", - гуфт сардухтури беморхонаи Сан Рафаэл Патрисия Энао.
Ҳодиса дар шаҳри Эл-Эспинал рух додааст. Сокинон бо барзаговҳо ба ҷанг даромаданд, ки ғайричашмдошт ин иншооти сеошёна нахуст ба қафо афтод ва сипас ҳамроҳи мардум фурӯ рехт.
Мақомоти шаҳр хатари ранги зард эълон кардаанд, наҷотдиҳандагон зуд мардумро аз зери харобаҳо мебароранд.
Ғайр аз ин, низомии беморхона дар шуъбаи Толима низ ба ҳолати омодабош гузаштааст.